Шӯрои Расонаҳо аз 'ИмрӯзNews' ва 'Ҷумҳурият' пӯзиш хост
Масъулони Шӯрои расонаҳо, як созмони ғайридавлатии рӯзноманигории Тоҷикистон, аз нашрияҳои “ИмрӯзNews” ва “Ҷумҳурият” узрхоҳӣ кардаанд.
Зимнан, Шӯрои Расонаҳо зимни натиҷагирӣ аз арзёбии риъояти “Меъёрҳои ахлоқии фаъъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон” рӯзи 24 январи соли ҷорӣ ин ду нашрияро ба гурӯҳи расонаҳои “калаванда” шомил карда буд.
Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews”, ин натиҷагириро “муғризона” хонда ва хостори ташреҳи наҳва ва усули натиҷагирӣ шуда буд.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Расонаҳо, нодуруст будани ба се гурӯҳи “солим”, “калаванда” ва “ғайрисолим” радабандӣ шудани нашрияҳоро эътироф карда ва гуфтааст, ки масъулони мониторинг ё расадкунанда ин амали худро асоснок накардаанд.
Барои бори аввал Шӯрои Расонаҳо риъояти меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро дар расонаҳо ва матбӯъоти Тоҷикистон барарсӣ кардааст. Ин шӯро расонаҳоро дар нимсолаи дуюми соли гузашта мавриди омӯзиш қарор дода ва ҳафтаи гузашта натоиҷи ин арзёбиро эълом карда буд.
