Тоҷикистон дар радаи 115-и радабандии ГБМ қарор гирифт
Image copyrightRSFДар радабандии ҷадиди созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар бораи вазъи расонаҳо дар кишварҳои мухталиф Тоҷикистон дар радаи 115 қарор гирифтааст.
Гузоришгарони Бидуни Марз интиқод карда, ки дар Тоҷикистон "пӯшиши корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар расонаҳои умумӣ ба шакле возеҳ ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон рақам мехӯрд"
"Масдудсозии худсарона ва ғайриқонунии чандрӯзаи иттилоъоти мустақил дар интернет, дигар оддӣ шудааст."
Ин созмон албатта аз қонуни ҷадиди расонаҳо дар Тоҷикистон, ки аз моҳи марти 2013 иҷро шуда, истиқбол карда, вале гуфта дар амал таъсире бар озодии иттилоърасонӣ надоштааст.
Ин созмони ҳомии озодии рӯзноманигорон дар бораи таъсири даргириҳои мусаллаҳона бар расонаҳо дар ҷаҳон ибрози нигаронӣ кардааст.
Гузоришгарони Бидуни Марз ҳамчунин аз "таъсири иғроқомез ва сӯистифодагарона аз мафҳуми амнияти миллӣ алайҳи ҳаққи иттилоърасонӣ ва донистан" интиқод карда ва гуфтааст, ки ин гароиши хатарнок .... қалби давлатҳои қонунмадори пешрафта аст."
Ишораи ин созмон ба кишварҳои Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аст, ки ба хотири иқдомоташон алайҳи рӯзноманигорони ифшогар дар ин радабандӣ суқут кардаанд.
Омрико бо 13 пила суқут дар радаи 46-и озодии расонаӣ дар ҷаҳон нишастааст. Бритониё ҳам се пила пойин рафта ва дар радаи 33 қарор гирифтааст.
Дар радабандии имсол хатарноктарин кишвари ҷаҳон барои рӯзноманигорон Сурия аст, ки аз миёни 180 кишвар дар радаи 177 ҷой дорад.
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар ин бора низ ибрози нигаронӣ кардааст, ки буҳрони Сурия бо сироят ба кившарҳои минтақа , аз ҷумла Лубнон, Ироқ ва Урдун бар раванди иттилоърасонӣ ва озодии расонаҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
Ин гузориш мегӯяд ба қудрат расидани Ихвонулмуслимин дар Миср ба афзоиши фишорҳо алайҳи рӯзноманигорон мунҷар шуд, аммо вақте ки қудрат ба дасти низомиён афтод, ин маҳдудиятҳо такмил шуд.
Кишварҳои Финлонд, Ҳуланд, Нурвеж батартиб дар садри озодии расонаии ҷаҳон ҳастанд ва Туркманистон, Куреи Шимолӣ ва Эритре дар каффи ҷадвал қарор гирифтаанд.
Кристуф Дулвор, мудири кулли Гузоришгарони Бидуни Марз, дар бораи радабандии озодии расонаҳо дар ҷаҳон гуфтааст, ки ин ҷадвал мубтанӣ бар ҳафт шохис таҳия мешавад: сатҳи саркӯб ва фишор, мизони чандсадоӣ, истиқлоли расонаӣ, фазои умумӣ ва худсонсурӣ, чорчӯбҳои қонунӣ, шаффофият, тавонмандии зерсохтҳо.
"Кунтрули ҳамаҷонибаи ҳукумати Эрон бар иттилоърасонӣ"
Дар ин радабандии Гузоришгарони Бидуни Марз Эрон ҳамчунон дар ҷойгоҳи 173, яке аз пойинтарин радаҳои феҳрист, боқӣ мондааст.
Ин созмон мегӯяд вазъияти озодии иттилоърасонӣ дар Эрон нисбат ба соли гузашта "тағйири чандоне накардааст."
Ин гузориш ёдоварӣ кардааст: "Дар поёни соли мелодии 2013 Эрон бо 50 рӯзноманигор ва вебнигор, яке аз панҷ зиндони бузурги ҷаҳон (барои расонаҳо) буд."
"Бо вуҷуди озодии бархе аз зиндониёни сиёсӣ, аммо ваъдаҳои Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадид барои озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва беҳбуди вазъияти озодии иттилоърасонӣ то кунун бенатиҷа мондааст."
Гузоришгарони Бидуни Марз ҳамчунин аз идомаи фишори дастгоҳҳои амниятӣ бар рӯзноманигорони расонаҳои байналмилалӣ ва мустақили мустақар дар хориҷ аз кишвар ва хонаводаҳои онон дар дохили кишвар интиқод кардааст.
Ин созмон дар ин бора ба ҳимояти Теҳрон аз ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҳам ишора кардааст.
Чолиши таъмини амнияти рӯзноманигорон дар Афғонистон
Афғонистон дар радаи 128 феҳристи Гузоришгарони Бидуни Марз қарор гирифтааст.
Ин кишвар дар радабандии соли гузашта чанд пила суъуд карда буд.
Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд хушунат алайҳи рӯзноманигорон ва бавижа занони рӯзноманигор дар Афғонистон идома дорад.
Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ, масъалаи амният барои шаҳрвандон ба таври куллӣ ва таъмини амнияти хабарнигорон, чолишҳои муҳимми оянда барои арзёбии қавоми озодӣ иттилоърасонӣ дар демукросии ҷавони Афғонистон аст."
"Талоши Омрико ва Бритониё дар саркӯби ифшогарон"
Гузоришгарони Бидуни Марз гуфтааст суқутит 13 пилаи Омрико дар ин радабандӣ, "яке аз ақибгардиҳои қобили мулоҳиза дар миёни кишварҳои демукротик" будааст.
Иллати аслии ин тағйири ҷойгоҳ "исрор бар радгирии манобеъи рӯзноманигорон ва ба роҳ андохтани корзори шикори ифшогарон" будааст.
Ин созмон дар ин бора ба маҳкумияти сарбоз Мининг ва таъқиби қазоии Эдворд Иснувден ишора карда ва онро ҳушдоре шумурдааст барои "касоне ки бо шуҷоъат, иттилоъоти ба истилоҳ ҳассос, аммо ба нафъи манофеъи умумиро дар дастраси ҳамагон қарор медиҳанд."
Дар ин бора аз Бритониё ҳам интиқод кардааст, ки "ба номи мубориза бо терурисм, баёнгари фишори фазоҳатбор алайҳи рӯзномаи "Гордиян" ва боздошти 9-соъатаи шарики зиндагӣ ва ҳамкори Глен Гринволд" будааст.
Оқои Гринволд, ки барои рӯзномаи "Гордиян" кор мекард, гузоришҳои ифшогаронае мубтанӣ бар иттилоъоте навишт, ки Эдворд Иснувден бармало карда буд.
Гузоришгарони Бидуни Марз, як созмони ғайридавлатии байналмилалӣ дар дифоъ аз озодии расонаҳо ва ҳимоят аз хабарнигорон ва рӯзноманигорон аст. Мақарри ин созмон дар Порис, пойтахти Фаронса аст.
