Намояндаи САҲУ ба мақомоти тоҷик: Даст аз Ютюб бардоред
Image copyrightBBC World ServiceСозмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии комил ба шабакаи иҷтимоъии "Youtube"-ро барои корбарон дар ин кишвар фароҳам кунанд.
Дунё Миётувич, намояндаи САҲУ дар умури озодии расонаҳо, рӯзи сешанбеи 11 июн гуфтааст, ки дастрасии бидуни монеъ ба иттилоъоти интернетӣ ё ғайри интернетӣ ҳаққи ҳалоли мардум аст ва давлат бояд барои таҳаққуқи ин ҳаққи мардум имконот фароҳам кунад.
Тибқи иттилоъи торнамои расмии САҲУ, хонуми Миётувич дар Женев дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид зимни суханронӣ дар бораи масоили ҳуқуқи башар гуфтааст: "Ҳар гуна маҳдудияте дар дастрасии мардум ба интернет, агар амре зарурӣ бошад, бояд танҳо аз роҳи қонунӣ ва бо тасмими додгоҳ амалӣ шавад."
Дар иттилоъияи САҲУ омадааст, ки аз 9 июн ба ин сӯ бархе аз фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии "Youtube"-ро масдуд кардаанд.
Ҳамчунин, дар гузашта, аз ҷумла дар солҳои 2012 ва 2013 низ дар ин кишвар дастрасӣ ба шуморе аз сойтҳо масдуд шуда ва то чанд моҳ корбарони интернет натавонистаанд аз ин сойтҳо истифода кунанд.
Хонуми Миётувич гуфтааст, ки ҳеҷ гуна иттилоъоти расмӣ дар мавриди он ки чиро дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии "Youtube" дар Тоҷикистон масдуд шуд, мунташир нашудааст.
Ин намояндаи САҲУ дар умури озодии расонаҳо бар вазъи озодии баён ва расонаҳо дар 57 кишвари узви ин созмонро назорат мекунад ва аз мавориди нақзи озодии баён дар ин кишварҳо ҳушдор медиҳад.
Ин нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ масдуд мешавад.
Дар соли 2012 ба дунболи амалиёти маргбори низомии давлат дар шаҳри Хоруғ ва вокуниши шадиди мардум дар шабакаҳои интернетӣ дар бораи ин амалиёт, дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ва бархе аз торнамоҳои хабарии мустақил масдуд шуда буд.
Соли гузашта дар пайи пахши барномае интиқодӣ дар бораи мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла маросими арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур, пахши барномаҳои шабакаи телевизиюни "К+" дар Тоҷикистон аввал маҳдуд ва батадриҷ комилан мутаваққиф шуд.
Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии "Youtube" низ дар Тоҷикистон он замон барои муддате масдуд шуда буд. Имрӯз бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба ин шабака дастрасӣ надоранд.
Ба назар мерасад, ки имрӯз бештари ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон барои корбарони интернет шабакаи иҷтимоъии "Youtube"-ро масдуд кардаанд.
Бархе аз коршиносон масдудияти дастрасӣ ба Ютюб дар Тоҷикистонро ба пахши видеуҳои интиқодии Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" ва чанде дигар аз мухолифони дигари давлати ин кишвар рабт медиҳанд.
