Дастрасии 'душвори' расонаҳои озод ба манобеъи хабарии давлатӣ

  • 27 Май, 2014
АМВАОМТImage copyrightBBC World Service
Image caption Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон мавориди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигоронро ҳамвора сабт ва расонаӣ мекунад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар гузорише тоза мегӯяд, ки дастрасии расонаҳои мустақил ба манобеъи хабарии давлатӣ ҳамчунон душвор аст.

Дар ин гузориш, ки дар торнамои расмии Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон мунташир шуда, омада, ки масъулони ин ниҳод барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ бо бархе аз сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақил суҳбатҳое анҷом додаанд.

Дар ин суҳбатҳо ошкор шудааст, ки нашрияҳои хусусии “СССР” ва “Миллат” дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъот аз манобеъи расмӣ мушкиле надоранд. Ба гуфтаи Сайёфи Мизроб, сардабири “СССР”, онҳо “дархостҳоро ба шакли дуруст таҳия карда” ва сареъан ба суолоти худ ҷавоб дарёфт мекунанд.

Аммо бештари сардабирони нашрияҳо ва хабаргузориҳои мустақил, баръакс иддаъо кардаанд, ки вазъи дастрасӣ ба манобеъи хабарии давлатӣ ба гунаи солҳои қаблӣ душвор аст ва ҳеч пешрафте дар ин замина ҳосил нашудааст.

Ба таъкиди онҳо, ниҳодҳои амниятию интизомӣ, Кумитеи умури дин, Ожонси мубориза бо фасод ва додситонии Тоҷикистон аз ҷумлаи ниҳодҳое ҳастанд, ки ба дархостҳои расонаҳо ва рӯзноманигорон ё аслан посух намедиҳанд ё бо таъхир ҷавоби норӯшан ирсол мекунанд.

Дар гузориш омадааст: "...Хабаргузорӣ ( “Озодагон”) санаи 13.01.2014 ба Прокуратураи генералии (додситонии кулли) Тоҷикистон оид ба одамрабоӣ ва чораҳое, ки аз ҷониби ин ниҳод барои пеш гирифтани ин падида ҷуста шудаанд, дархост мефиристад. Ин ниҳод низ меъёри қонуни навро риъоят накарда, танҳо пас аз 11 рӯз, яъне 22.01.2014 бо имзои С.А. Додобоев посухи норӯшан мефиристад, яъне ба ҷойи шарҳ омӯзиши қонунҳоро бар дӯши худи хабаргузорӣ мегузорад."

Олга Тутубалина, сардабири нашрияи “АSIA-Plus”, низ дар суҳбат бо масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақил аз вазъи дастрасии хабарнигорон ба манобеъи хабарии давлатӣ интиқод кардааст. Вай гуфта, ки вазорати кишвар пас аз омадани вазир Рамазон Раҳимзода ба як ниҳоди бастае табдил ёфтааст.

"Дафтари матбӯъотӣ дуруст фаъъолият намекунад. Сарчашмаи маълумоти мо ин танҳо сойти интернетии онҳо ва сарчашмаҳои худӣ мебошанд. Ба дафтари матбӯъотии онҳо занг задан душвор аст. Намедонам бо чӣ кор машғуланд, гӯё онҳо футболбозӣ мекунанду халос. Ҳамкории онҳо бо матбӯъот аз роҳбарият вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, зиёда аз ним сол мешавад, ки мо ба ВКД дархост ҳам намефиристем."

Саймиддин Дӯстов, сардабири нашрияи хусусии “Нигоҳ”, низ аз ҳамкории номуассири ниҳодҳои давлатӣ бо расонаҳои гурӯҳии мустақил шадидан интиқод кардааст. Дар гузориши Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз қавли оқои Дӯстов омадааст:

"Дӯстов аз баҳси марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва саривақт паҳн накардани иттилоъоти расмӣ ва надодани маълумот ба рӯзноманигорон мисол оварда гуфт, ки “ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳифзи манфиъатҳои миллӣ дар муҳити расонаии миллӣ ва минтақаӣ номуваффақанд!”"

"Аз ҷиҳати мусбати вазъият Дӯстов гуфт, ки дар умум дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоъот каме беҳтар шудааст, маҳз ҳангоми паҳн кардани иттилоъоти “безарар” ба манфиъатҳои соҳавӣ ва идоравӣ, вале “каммаърифатии роҳбарони аввали кумитеву вазоратҳо, бесалоҳиятӣ, футболи бурократӣ, қонуннописандӣ, кашолкорӣ ва ҳатто камсаводӣ ҳамоно аз вижагиҳои хадамоти матбӯъотӣ ва масъулони равобит бо ҷомеъаи аксарияти муассисаву вазоратхонаҳои кишвар боқӣ мондаанд."

Дар ниҳоят, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасии расонаҳо ба манобеъи хабарӣ таъкид карда ва ба хабарнигорон ва ниҳодҳои давлатӣ чанд тавсия додааст.

Муроҷиъа ба мақомоти болоӣ ва додгоҳ, мутаҳиддӣ ва шикоят ба созмонҳои хабарнигорон, риъояти муқаррароти қавонин дар бораи муроҷиъа ба ниҳодҳои давлатӣ, анҷоми тадобире аз сӯйи додситонӣ барои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва омӯзиши қавонини марбут ба фаъъолияти расонаҳои гурӯҳӣ аз сӯйи кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумлаи чунин тавсияҳо ҳастанд.

Матолиби муртабит