Баргузории давраҳои омӯзишии ҳуқуқи башар барои хабарнигорон
Дар шаҳри Душанбе дар ду рӯзи гузашта хабарнигорони расонаҳои мустақил давраҳои омӯзишӣ дар заминаи ҳуқуқи башар ва омода кардани гузоришҳо дар мавриди дифоъ аз ҳуқуқи инсонро пушти сар кардаанд.
Ҳадаф аз ин давраҳои омӯзишӣ боло бурдани сатҳи дониши хабарнигорӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва кумак ба равандаи демукросӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.
Дар ин нишаст, ҳамчунин, барои хабарнигорон шеваи кор барои омода кардани гузоришҳои таҳқиқотӣ дар заминаи ҳуқуқи башар ва мусоҳиба бо қурбониёни шиканҷа омӯзиш ёфтааст.
Давраҳои омӯзишии дурӯза ба ибтикори намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва мураббиёни ин давраҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ дар заминаи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар будаанд. Аз баргузории ин давраҳои намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон ҳимояти молӣ кардааст.
Дар баёнияе, ки ин ниҳод, рӯзи душанбеи 17 март пахш кардааст, омадааст, ки масъулони намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Тоҷикистон қарор кардаанд, ки чунин ҳамоишҳои омӯзиширо дар марокизи вилоёти Суғд, Хатлон ва Бадахшон низ доир хоҳанд кард.
Бисёре аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чунин ҳамоишҳоро барои боло бурдани сатҳи худогоҳии мардум дар ин кишвар муфид медонанд.
