Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро аз ҷумлаи давлатҳои мустабид хонд

  • 13 Июн, 2014
Фридум ҲаузImage copyrightfreedomhouse.org
Image caption Хонаи Озодӣ пайваста аз вазъи озодиҳои сиёсӣ ва озодии баён дар кишварҳо гузориш медиҳад

Дар гузориши тозаи Хонаи Озодӣ Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор гирифта, ки давлатҳояшон худкома ё мустабид ва ғайридемукротик хонда шудаанд.

Ин матлаб дар гузориши тозаи Хонаи Озодӣ (Freedom House) зери унвони “Рушди демукросӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор дар соли 2014” матраҳ шудааст.

Дар маҷмӯъ, бештари ҷамоҳири собиқи шӯравӣ кишварҳои худкома (авторитарӣ) унвон шудаанд. Гуфта шуда, ки ҳудуди 80 дарсади ҷамъияти кишварҳои минтақаи Уруосиё таҳти султаи раҳбарони мустабид ба сар мебаранд.

Русия бо касби 6,29 имтиёз дар канори Тоҷикистон қарор гирифта. Узбакистон (6,93), Қазоқистон (6,61), Ҷумҳурии Озарбойҷон (6,68), Белорус (6,71), Тукрманистон (6,93) дар феҳристи Хонаи Озодӣ дар ҷавори Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дар ин феҳраст аз як то ҳафт имтиёз ба кишварҳо дода шудааст. Касби як имтиёз ба маънии доштани низоми демукротик ва дарёфти наздики ҳафт имтиёз ба маънии фуқдони демукросӣ ва султаи истибдод аст.

Арзёбии коршиносон бар пояи озодиҳои марбут ба интихобот, тавсеъаи ҷомеъаи маданӣ, истиқлоли расонаҳо, истиқлоли қувваи қазоия ё додгоҳҳо, сатҳи мудирияти шаффоф ва демукротики ҳукуматҳо ва вазъи фасод дар ин кишварҳо бастагӣ дорад.

Дар чанд соли ахир Тоҷикистон пайваста дар арзёбиҳои мушобеҳи созмонҳои байналмилаӣ дар радаи кишварҳое қарор мегирад, ки озодиҳои башарӣ дар онҳо зери по мешаванд. Давлати Тоҷикистон мукарраран изҳор дошта, ки барои беҳбуд бахшидан ба авзоъ талош хоҳад кард.

Вале ба гуфтаи соҳибназарон, ба ҷуз аз ваъда то ҳол давлати Тоҷикистон дар ин замина ислоҳоти ҷиддие анҷом надодааст. Ба унвони мисол, гуфта мешавад, ки даҳ сол қабл низ созмонҳои байналмилаӣ аз вуҷуди фасоди густарда дар сутӯҳи мухталифи давлати Тоҷикистон интиқод мекарданд.

Ҳарчанд барои муқобала бо фасод Ожонси зидди фасод таъсис шуда ва чанд сол боз фаъъолият дорад, вале ин мушкил дар солҳои ахир бештар шудаву камтар нашудааст.

Дар мавриди истиқлоли қувваи қазоия низ вазъият мушобеҳ аст. Муҳокимаҳои пурсарусадои чанд соли ахир дар Тоҷикистонро коршиносон ба набуди истиқлоли додгоҳҳо рабт медиҳанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ бамавқеъ баргузор мешаванд, вале мунтақидон мегӯянд, ки “ҳуқуқи интихоб шудан” танҳо ба афроде дода мешавад, ки мавриди эътимоди мақомот ҳастанд.

Хабарнигорон ба навбаи худ мегӯянд, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо чанд соли қабл рӯ ба вахомат гиройида ва аз ҷумла дар нашрияҳо пайдо кардани матолиби “ҷолиб” душвор аст.

Гуфта мешавад бештари расонадорон ва сардабирони нашрияҳо ба хотири ҳифзи манофеъи тиҷории худ аз чопи матолиб ё пахши барномаҳои интиқодӣ, ки барояшон мушкил эҷод мекунад, худдорӣ мекунанд.

Матолиби муртабит