Интиқоди “Хонаи Озодӣ” аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

  • 2 Май, 2014
“Хонаи Озодӣ”Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонаи Озодӣ” зимни арзёбии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ин кишварро ба феҳристи “кишварҳои ғайриозод” шомил кардааст

“Freedom Housе” ё “Хонаи Озодӣ” зимни арзёбии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ин кишварро ба феҳристи “кишварҳои ғайриозод” шомил кардааст.

Дар гузориши ин созмони байналмилалӣ, ки мақараш дар шаҳри Вошингтуни Омрико аст, Тоҷикистон дар самти озодии баён дар миёни 197 кишвари ҷаҳон дар радаи 175, дар канори чанд кишвари Офриқоӣ қарор дорад.

Тибқи арзёбии “Хонаи Озодӣ” дар соли гузашта Тоҷикистон дар бахши озодии баён дар зинаи 172-ум ҷой гирифта буд.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 1 май, дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён мунташир шуд, вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон мушаххасан баррасӣ нашуда ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Туркманистон аз ҷумлаи 8 кишвари бо вазъи бадтарини озодии баён арзёбӣ шудааст.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ, як созмони ғайридавлатии Тоҷикистон низ гуфт, ки вазъияти озодии баён ва матбуъот дар соли гузашта дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бадтар шудааст.

Оқои Атовулло тасвиби Қонуни “Матбуъот ва васоити дигари ахбори умум” ва лағви муфоди марбут ба “тӯҳмату таҳқир” дар Қонуни ҷинойӣ дар соли гузаштаро барои ҷомеъи хабарнигорӣ умедворкунанда хонда, аммо гуфт, ин муфод дар Қонуни маъмурӣ боқӣ монда ва барои расонаҳои мустақил ба як омили фишор мубаддал шудааст.

Зеро дар қонуни матбуъот ва қавонини дигари Тоҷикистон мизони хисороти маънавӣ мушаххас нашуда ва ҳар шокӣ дар додгоҳ аз расонаҳо барои ҷуброни равонӣ маболиғи ҳангуфте тақозо мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Атовулло гуфт, ки вазъияти озодии баён ва матбуъот дар соли гузашта дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бадтар шудааст

Масалан, ба гуфтаи Хуршеди Атовулло Аскар Ҳаким, раҳбари пешини Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон барои як иштибоҳи фаннӣ аз нашрияи “Самак” хостори пардохти ғаромат ба миқдори 150 ҳазор сомонӣ ё муъодили 30 ҳазор дулори омрикоӣ шудааст.

Дар қазияҳои мушобеҳи додгоҳии нашрияҳои мустақиле чун “Нигоҳ” бо Кумитаи дин, “ИмрӯзNews” бо ширкати “Фароз” ва Амонулло Ҳукумов, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва нашрияи “Asia-Plus” ва Олга Тутубалина, сардабири он бо зиёиён ё рӯшанфикрон нашрияҳо ё хабарнигорон ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.

Ба эътиқоди оқои Атовулло ин гуна ҷаримаҳои ҳангуфт миёни нашрияҳои мустақилро шикаста ва ба варшикаста шудани онҳо мунҷар хоҳад шуд.

Зимнан, дар соли ҷорӣ нашрияи мустақили “Ҳафта” бо баҳонаҳои мухталиф баста шуд, ки бештари коршиносон фаъъолияти Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигорои мухолифи давлат дар ин нашрияро аз далели аслии ин амр арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон, арзёбии созмони “Freedom Housе” ё “Хонаи Озодӣ” дар мавриди вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро “якҷониба ва нодуруст” хонд.

Оқои Саттор гуфт: “Намедонам ҳангоми баҳогузорӣ ин созмон аз кадом меъёр истифода кардааст. Вале ба назари ман, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пештара хеле беҳтар шудааст. Ҳоло ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз сатҳи поин сар карда то президент дар нашрияҳо интиқод мешаванд, ки ин нишонаи озодии матбуъот аст.”

Ҳамчунин, ӯ иддаъоҳо дар бораи эъмоли фишор ба расонаҳо ва хабарнигорони мустақил дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузаштаро бепоя хонда ва гуфт, ӯ ба унвони раиси Иттиҳоди журнолистон ва узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии кишвар аз ҳеч хабарнигор ё нашрия дар ин замина шикояте дарёфт накардааст.

Созмонҳои мустақили хабарнигории Тоҷикистон ба навбаи худ мушкили дастрасӣ ба дарёфти иттилоъ аз мақомоти давлатӣ, масдуд шудани торнамоҳои хабарии мустақил ва воқеъбинонаю мунсифона набудани муҳокимаҳои додгоҳӣ дар қиболи расонаҳои мустақилро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи озодии баён дар ин кишвар арёзбӣ кардаанд.

Матолиби муртабит