Атоев: Масдудияти интернет бо мавозини СТҶ муғойир аст
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон муғойир бо муқаррароти узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ аст.
Асомиддин Атоев мегӯяд, ки баъд аз пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон давлат таъаҳҳудотеро дар бораи иҷрои муқаррароти он бар уҳда гирифта ва риъояти онҳо ҳатмист.
Оқои Атоев рӯзи ҷумъаи 13 июн ба Би-би-сӣ гуфт: "Тоҷикистон узви Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ аст ва маҳдуд кардани фаъъолияти ширкатҳои мухталифи ҷаҳонӣ дар қаламрави ин кишвар табъиз (дискриминация) нисбат ба фаъъолияти ин ширкатҳо дар ин кишвар мебошад."
Оқои Атоев мегӯяд ин дар суратест, ки Тоҷикистон дар назди Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) мутаъаҳҳид аст, ки барои ширкатҳои хориҷӣ дар ин кишвар дар канори ширкатҳои дохилӣ имкони фаъъолияти бидуни ҳеҷ монеъро фароҳам кунад.
Вай афзуд, ки масдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъии “Google” ва Ютюб бо қонунҳои дохили Тоҷикистон низ муғоир аст.
Раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон гуфт: “Мо ҳаққи бастани ҳеҷ гуна манбаъро надорем ва дар сурате ки аз чизе хушамон наояд, тибқи қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон бидуни табъиз ва паст кардани эътибори давлат бояд рафтор кунем.”
Вай мегӯяд, ки он чи имрӯз дар Тоҷикистон мегузарад, метавонад ба эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба унвони як узви Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ латма занад.
Ин дар ҳолест, ки аз 9 июни соли равон бархе аз фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии "Youtube"-ро масдуд кардаанд. Имрӯз бисёре аз корбарони интернет аз масдуд шудани хадамоти ҷустуҷӯгари “Google” низ шикоят кардаанд.
Яке аз сокинони ҷавони шаҳри Душанбе мегӯяд, ки аз ширкати “TCELL” истифода мекунад ва имрӯз натавонистааст ҷустуҷӯгари “Google”-ро боз кунад. Ҳамчунин иддае дигар низ гуфтаанд, ки чунин мушкилро бо ширкати “Мегафон” низ доранд.
Масъулони ин ширкатҳо то ҳол масдуд кардани дастрасӣ ба ин шабакаҳоро шарҳ надодаанд, аммо иддае аз кормандони онҳо гуфтанд, ки барои масдуд кардани ин шабакаҳо “аз боло” дастур гирифтаанд.
Аммо масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки дар ин бора тавзеҳ бидиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури озодии расонаҳо аз масдуд кардани шабакаи иҷтимоъии "Youtube" дар Тоҷикистон шадидан интиқод кардааст.
Вай рӯзи 1 июн гуфта, ки дастрасии бидуни монеъ ба иттилоъоти интернетӣ ё ғайри интернетӣ ҳаққи ҳалоли мардум аст ва давлат бояд барои таҳаққуқи ин ҳаққи мардум имконот фароҳам кунад.
Ӯ афзудааст: "Ҳар гуна маҳдудияте дар дастрасии мардум ба интернет, агар амре зарурӣ бошад, бояд танҳо аз роҳи қонунӣ ва бо тасмими додгоҳ амалӣ шавад."
Ин нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба бархе аз шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ ба сабабҳои мухталиф масдуд мешавад. Дар соли 2012 ба дунболи амалиёти маргбори низомии давлат дар шаҳри Хоруғ ва вокуниши шадиди мардум дар шабакаҳои интернетӣ дар бораи ин амалиёт, дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ва бархе аз торнамоҳои хабарии мустақил масдуд шуда буд.
Соли гузашта низ дар пайи пахши барномае интиқодӣ дар бораи мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла маросими арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур, пахши барномаҳои шабакаи телевизиюни "К+" дар Тоҷикистон аввал маҳдуд ва батадриҷ комилан мутаваққиф шуд.
