Кабирӣ: 'ҲНИТ тавони идораи давлатро дорад'
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин ҳизб тавон ва қудрати идораи давлатро дорад.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи сешанбеи 24 июн дар ҳамоише дар иртибот бо таҷлил аз "Рӯзи ваҳдати миллӣ" дар ин замина ибрози назар кард.
Оқои Кабирӣ гуфт: "Ошкор мегӯем, ки ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст бигирад. Агар натвонистед дуруст рафтор кардан, ҳизби наҳзати исломӣ омода аст масъулияти кишварро ба дӯш бигирад."
Ӯ бо истинод ба гуфтаҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ, таъкид кард, ки агар давлати Тоҷикистон тавонад дар идораи давлат пешӣ гирифта ва миллатро ба як миллати пешрафтаю сарбаланд ва озод табдил диҳад, ҳизби наҳзати исломӣ ба он кумак хоҳад кард.
Ӯ гуфт: "Агар мушкилу навоқис дораду ниёз ба кумак дорад ва ба баъзе иштибоҳот роҳ медиҳад, ҲНИТ талош мекунад, ки бо машварат, маслиҳат ва танқид ислоҳаш кунад. Дар ғайри ин сурат, вазифиаи як ҳизби сиёсӣ он аст, ки бигӯяд, ки ҷоро холӣ кун, касе биёяд, ки масъулияти давлатро ба уҳда гирад."
Барои аввалин бор аст, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, мавзӯъи касби қудрат аз роҳҳои қонуниро матраҳ кардааст.
Қаблан оқои Кабирӣ мукарраран таъкид мекард, ки мардуми кишвар барои идораи давлат аз ҷониби ҳизби исломӣ омода нестанд ва кишварҳои минтақа низ аз ҳамчунин таҳаввуле пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Аз сӯйи дигар, Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши имрӯз аъзои ҲНИТ-ро ба иттиҳод ва қавию нерӯманд сохтани ин ҳизб даъват кард ва гуфт, ки ҷониби дигар танҳо бо қудратманд сулҳ мекунад, на бо ҷониби заъиф.
Ӯ гуфт: "Бисёр сода нашавем. Барои мусолиҳа қудратмандии тарафҳо шарти асосӣ аст. Қудрат буду муттаҳидӣ буд, ки бо мо сулҳ карданд. Ҳоло низ барои он ки бо мо дар сатҳи баробар суҳбат кунанд, бояд қудратманд ва қавӣ бошем. Қудрати мо дар сабру таҳаммул ва муттаҳидӣ аст."
Раҳбари ҲНИТ далели афзоиши фишорҳо бар ин ҳизбро ба пойин бурдани сатҳи талаботи ҳизб аз мақомҳои давлатӣ ва гузаштҳои зиёд марбут хонда ва гуфт, “ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки барои баргузор кардани ҷаласае дар хонаи худ бояд аз мақомоти давлатӣ иҷоза пурсем.”
Зимнан, дар оғози ҳамоиши имрӯз дар мақарри Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе эълом шуд, ки аз матраҳ кардани масоили дарднок ва мавориди фишорҳо бар ин ҳизб худдорӣ хоҳад шуд.
Аз ин лиҳоз, дар ин нишаст мавзӯъи "ҳамлаи" гурӯҳе аз ҷавонону занон ба худрави ҳомили Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлоб, тахриби биноҳои бахшҳои ҲНИТ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент, дар вилояти Суғд, ва мавориди дигари фишору таъқиби аъзои он баррасӣ нашуд.
Танҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват шуд, ки дар чорчӯби Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон, санади ҳамдигарбахшӣ, ва қавонини кишвар барои фаъъолияти озоди аҳзоби мухолиф, бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ, шароити мусоъидро фароҳам кунанд.
Ҳамчунин, Ҳизби наҳзати исломӣ моҳҳои ҷорӣ ва ояндаро “моҳҳои ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ” эълом карда ва хостори “пеша кардани некандешию некрафторӣ” дар ҷомеъаи Тоҷикистон шудааст.
