Тоҷикистон аз Туркия дархости истирдоди Қувватовро кардааст

  • 26 Январ, 2015
Женерол Рамазон Раҳимзода Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Раҳмизода, гуфт, ки то ҳол ҷониби Туркия ба дархости истирдоди оқои Қувватов ба ватан посух надодааст

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки давлати ин кишвар аз мақомоти зидахли Туркия дархости истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони “Гурӯҳи24” ба ватанро кардааст.

Женерол Рамазон Раҳимзода мегӯяд, ки вазорат тамоми санадҳои лозима барои истирдоди оқои Қувватовро ба ҷониби Туркия фиристодааст.

Аммо оқои Раҳимзода, рӯзи ҷумъаи 16 январ дар нишасти матбуъотии ин ниҳод гуфт, ки то ҳол ҷониби Туркия ба ин дархост ҳеҷ гуна посух надодааст ва аз ин рӯ замони истирдоди ӯ ба Тоҷикистон мушаххас набудааст.

Давлати Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро дар содир кардани ҷароими иқтисодӣ муттаҳам карда ва дар пайгарди қонунӣ қарор дода буд.

Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватовро, ки аз мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон хонда мешавад, ифротгаро хонда ва фаъъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард

Оқои Раҳимзода ба ин суол, ки ҳоло давлати Тоҷикистон оқои Қувватовро дар кадом ҷароими дигаре муттаҳам медонад, чунин посух дод: “Фаъъолияти гурӯҳи вай чун гурӯҳи ифротгаро манъ шудааст. Ӯ чун ҷинояткоре, ки ҷароими иқтисодӣ содир кардааст дар ҷустуҷӯй қарор дорад, дигар ягон ҷароиме нисбати ӯ эълом нашудааст.”

Оқои Қувватов ҳамроҳ бо се тан аз ҷонибдоронаш дар моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуда буд.

Пулиси Тукрия оқои Қувватовро барои нақзи муқаррароти иқомат дар қаламрави он кишвар боздошт карда ва вай то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои ин шаҳр ба сар мебарад.

Умаралӣ Қувватов, ки пешинаи чандон пурранги сиёсӣ надорад, то соли 2012 ба тиҷорат машғул буд ва худро аз моликони ширкати мавсум ба "Фароз" медонист. Ин ширкат дар тӯли солҳои зиёде ба тиҷорати маводди сухтӣ, аз ҷумла барои нерӯҳои омрикоӣ ва Ноту дар Афғонистон, машғул будаст.

Аммо дар пайи ихтилофи назар бо бархе аз шариконаш, ки афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, оқои Қувватов ва чанде аз шариконаш Тоҷикистонро тарк кард ва дар моҳи августи соли 2012 эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24"-ро дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия таъсис дод.

Оқои Қувватов дар поёни соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон он замон низ дархости истирдоди ӯ ба ватанро карда буд, аммо додгоҳи Дубай ин дархостро рад кард.

Тайи ин солҳо Умаралӣ Қувватов ва ҷонибдоронаш дар хориҷ аз кишвар пайваста аз давлати Тоҷикистон интиқод мекард.

Дар соли гузашта вай ва ҷонибдорони ӯ хостори он шуда буданд, ки Президент Раҳмон довталабона истеъфо кунад. Ба иллати адами вокуниш ба ин пешниҳод “Гурӯҳи 24” дар моҳи октябри соли 2014 сокинони Тоҷикистонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ фаро хонда буд.

Ҳарчанд ин роҳпаймоӣ баргузор нашуд, вале ба гуфтаи нозирон, мақомоти тоҷик аз чанд рӯз қабл барои муқобала бо он омодагӣ дида буданд.

Матолиби муртабит