Қувватов ва ҳамроҳонаш аз боздошт дар Туркия озод шуданд

  • 3 Феврал, 2015
Умаралӣ Қувватов,Image copyrightBBC World Service
Image caption Умаралӣ Қувватов пас аз ҳудуди 50 рӯзи боздошт дар Туркия озод шуд

Умаралӣ Қувватов, тоҷири табъидӣ ва раҳбари "Гурӯҳи 24", аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ҳамроҳ бо се тан аз ҷонибдоронаш аз боздошгоҳе дар Туркия озод шудааст.

Оқои Қувватов рӯзи сешанбеи 3 феврал дар суҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ ин иттилоъро таъйид кард ва гуфт, ки мақомоти зидахли Туркия барои боздошташ аз онҳо узрхоҳӣ кардаанд.

Вай субҳи рӯзи 3 феврал пас аз ҳудуди 50 рӯзи боздошт озод шудааст.Оқои Қувватов мегӯяд: "Мо тасмим гирифтем, ки Туркияро тарк кунем, вале ба кадом кишвар рафтанамонро бо мулоҳизоти амниятӣ ҳоло наметавонем бигӯем."

Оқои Қувватов ҳамроҳ бо се тан аз ҷонибдоронаш 19 декабри гузашта дар шаҳри Истонбули Туркия боздошт шуда буд. Асомии ин се нафар Ҳусейн Ашуров, Абдурашид Ҳомидов ва Суҳроб Тӯраев аст.

Дар пайи боздошти оқои Қувватов ва ҳамроҳонаш мақомоти тоҷик хостори истирдоди ӯ ва ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон шуда буданд. Вале гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Туркия хостанд, ки ӯ ва ҳамроҳонашрро ба Тоҷикистон мустарад накунад.

Оқои Қувватов, ки аз афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳур маҳсуб мешуд, дар пайи ончи ихтилофи назар бо пайвандони Президент Раҳмон хонда буд, дар тобистони соли 2012 Тоҷикистонро тарк кард ва моҳи августи ҳамон сол эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дод.

Умаралӣ Қувватов, ки пешинаи чандон пурранги сиёсӣ надошт, то соли 2012 ба тиҷорат машғул буд ва худро аз моликони ширкати мавсум ба "Фароз" медонист. Гуфта мешавад, ин ширкати таҳти кунтрули яке аз пайвандони раисҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёде ба тиҷорати маводди сухтӣ, аз ҷумла барои нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистон, машғул буд.

Пас аз хурӯҷи оқои Қувватов аз Тоҷикистон ва эъломи мухолифаташ бо давлати Президент Раҳмон, мақомоти Тоҷик ӯро ба даст доштан дар фасоди молӣ муттаҳам карданд.

Оқои Қувватов дар моҳи декабри соли 2012 дар ҷараёни як сафараш ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Дубай боздошт шуд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон он замон ҳам дархости истирдоди ӯро кард, аммо додгоҳи Дубай ба ин дархост эътиное накард ва пас аз нӯҳ моҳи боздошт ӯ озод шуд.

Тайи ин солҳо Умаралӣ Қувватов ва ҷонибдоронаш дар хориҷ аз кишвар пайваста аз давлати Тоҷикистон интиқод мекарданд. Дар соли гузашта вай ва ҷонибдоронаш бо интишори баёнияҳое аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ хостори истеъфои довталабонаи Президент Раҳмон шуда буданд.

Эътилофе аз “Гурӯҳи 24” ва чанд гурӯҳи дигари мухолифи мустақар дар хориҷ аз Тоҷикистон дар моҳи октябри гузашта сокинонро ба тазоҳуроти эътирозӣ фаро хонданд. Дар пайи ин фарохон давлати Тоҷикистон тадобири амниятиро дар саросари кишвар, бавижа дар шаҳри Душанбе, пойтахт, ташдид кард.

Дар ҳошияи ин тадобир Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро як гурӯҳи ифротгаро хонда ва фаъъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард. То ҳол чанд нафар аз шаҳрвандон ба занни иртибот бо ин гурӯҳ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ, масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтанд, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" ба гаравгонгирӣ ҳам муттаҳам шудааст.

Оқои Қувватов тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад карда ва аз истирдоди Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони мавсум ба “Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон” изҳори таассуф кард.

Бар асоси иттилоъи Додистонии кулли Тоҷикистон, оқои Иброҳимов ахиран аз Русия ба ватан истирдод шудааст. Давлати Тоҷикистон ӯро ба узвият дар “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардааст.

Аммо оқои Қувватов гуфт, ки эътилофи таҳти раҳбарии ӯ ҳеҷ рабте ба ифротгароӣ надорад. Афзун бар ин, оқои Иброҳимов танҳо раҳбари як созмони ҷавонон буда ва узви "Гурӯҳи 24" набудааст.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар истирдоди оқои Иброҳимов аз Русия ба Тоҷикистонро иқдоме ғайриқонунӣ хонда ва аз вазъи кунунии ӯ дар боздошт изҳори нигаронӣ кардаанд.

Матолиби муртабит