Мамадбоқиров ба ҳамла ба корманди амниятӣ муттаҳам, вале раҳо шуд

  • 16 Декабр, 2014
БархоруғImage copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, тайи ду соли ахир маҳалли нооромиҳо будааст

Масъулони Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз захмӣ шудани як корманди хеш дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ба дасти Мамадбоқир Мамадбоқиров, фармондеҳи собиқи мухолифон дар ин минтақа, хабар доданд.

Дар баёнияе, ки бахши маҳалли ин кумите дар устони Бадахшон рӯзи душанбеи 15 декабр интишор дод, омадааст, ки оқои Мамадбоқиров ба ҳамла ба як корманди амниятӣ муттаҳам шудааст.

Тибқи ин баёния, оқои Мамадбоқиров муттаҳам шуда, ки рӯзи 15 декабр ҳамроҳ бо чанд нафар аз “авбошон” ба бахши кумитеи амният дар шаҳри Хоруғ ҳамла карда ва бо истифода аз дастаи таппонча як корманди амниятиро аз ноҳияи сараш захмӣ задааст.

Ин воқеъа рӯзи гузашта сурат гирифта ва кормандони амниятӣ оқои Мамадбоқировро барои чанд соъат боздошт ва сипас бо қайди берун нарафтан аз маҳал раҳо кардаанд. Дар зимн, таппонча ва гулӯлаҳои дасти ӯро мусодира кардаанд.

Дар ин баёния ҳувияти корманди амниятии захмишуда ифшо нашудааст. Вале гуфта мешавад, ки кормандони бахши кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ алайҳи оқои Мамадбоқиров парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба таҳқиқи он идома медиҳанд.

Худи оқои Мамадбоқиров, ки аз нуфузи густардае дар миёни ҷавонон дар маркази устони Бадахшон бархурдор аст, дар ин бора ҳанӯз ибрози назаре накардааст. Манобеъи наздик ба ӯ мегӯянд, ки ӯ дар ҳоли ҳозир аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад.

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи расида аз шаҳри Хоруғ, рӯзи сешанбеи 16 декабр дар маҳаллаи мавсум ба Бархоруғ, воқеъ дар қисмати шимолии маркази вилояти Бадахшон, маконе, ки оқои Мамадбоқиров дар он ба сар мебарад, таҷаммӯъи сокинон мушоҳида шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, аксари ин афрод бо таъсиси бахши кумитеи амнияти миллӣ дар ин маҳаллаи шаҳри Хоруғ ибрози мухолифат кардаанд.

Дар шаҳри Хоруғ дар се соли ахир мавориди зиёди таҷаммӯъи сокинон дар эътироз ба тасмимоти мухталифи давлат, аз ҷумла амалиёти низомӣ алайҳи фармондеҳони собиқи мухолифон ва боздошти бархе аз афроди ба гуфтаи масъулони интизомӣ ҷиноятпеша рух додааст.

Матолиби муртабит