Пулиси Тоҷикистон хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз Хоруғро такзиб кард
Image copyrightBBC World ServiceВазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ҳеч гуна нерӯҳои изофиро ба шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, эъзом накардааст.
Масъулони ин вазорат хабарҳои мабнӣ бар хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғро, ки ба гуфтаи фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон, рӯзи гузашта шурӯъ шуда, бепоя хондаанд.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ин вазорат, рӯзи ҷумъаи 8 август ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар соли ҷорӣ вазорат ба Хоруғ кормандони изофиро нафиристодааст ва дар маркази вилояти Бадахшон танҳо кормандони ин минтақа фаъъолият доранд."
Оқои Садриддинов ҳамчунин хурӯҷи ин нерӯҳо аз шаҳри Хоруғро низ такзиб кард ва афзуд, ки кормандони пулис дар ин шаҳр ба таври маъмулӣ фаъъолият мекунанд.
Хабаргузории "ASIA-Plus" аз қавли Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон, низ нивиштааст, ки ин вазорат ҳеч гуна нерӯи изофӣ ба Хоруғ пас аз ҳаводиси моҳи май нафиристодааст. Ӯ низ хабари берун бурдани нерӯҳои изофаӣ аз шаҳри Хоруғро такзиб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки намояндагони маҷлиси шаҳри Хоруғ дар ҷаласаи ду рӯз қабли худ хостори хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз маркази вилояти Бадахшон шудаанд.
Гуфта мешавад, намояндагони маҷлиси шаҳри Хоруғ пас аз баррасии дархости фаъъолони ҷомеъаи мадании ин вилоят аз давлати марказӣ хостаанд, нерӯҳои изофиро аз минтақа хориҷ кунад.
Ба гуфтаи фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон, дирӯз онҳо навореро ҳам дидаанд, ки нишон медиҳад ҳудуди чиҳил нафар аз низомиёни артиш ва кормандони пулис шаҳрро тарк мекунанд. Аммо ин хабар аз сӯйи мақомоти расмӣ таъйид нашудааст.
Вале тавре ки як манбаъ аз шаҳри Хоруғ мегӯяд, дар маҳаллаи Селхозтехникаи ин шаҳр баъд аз зуҳр низомиён бо аслиҳа дида шудаанд, ки ин амр мӯҷиби нигаронии бархе аз сокинон шудааст. Ҳамчунин, сокинон аз ҳузури афроди мусаллаҳи дорои юнифурм ё либоси низомӣ дар ин шаҳр ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ниҳодҳои интизомии Тҷоикистон вазъият дар маркази вилояти Бадахшонро ором арзёбӣ мекунанд, вале ба гуфтаи иддае аз сокинони ин шаҳр, қатли мармузи ду ҷавон нигарониҳое дар миёни мардум эҷод кардааст.
Фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон дар баёнияе аз мақомот хостаанд, ки барои таҳқиқи ҳодисаи қатли ин ду ҷавон аз ҷумлаи намояндагони маҷлиси шаҳрӣ кумисиюни вижае таъсис дода шавад. Дархости дигари онҳо фароҳам кардани шароит барои мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Вазъият дар шаҳри Хоруғ дар авохири моҳи май дар пайи даргирии кормандони пулис бо афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир, ки дастикам панҷ кушта бар ҷо гузошт, ноором шуд.
Давлат барои таҳқиқи ин ҳаводис кумисиюни вижае ба раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур, таъсис дод, ки шомили фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон низ ҳаст. Аммо натиҷаи таҳқиқоти ин кумисиюн то ҳол мунташир нашудааст.
