Тасмими хуруҷи нерӯҳои низомии изофӣ аз маркази вилояти Бадахшон
Image copyrightBBC World ServiceНамояндагони маҷлиси шаҳри Хоруғ тасмим гирифтаанд, ки тамоми нерӯҳои изофии низомӣ ва кормандони интизомӣ, ки ахиран ба вилояти Бадахшон эъзом шудаанд, аз шаҳри Хоруғ хориҷ шаванд.
Ин тасим рӯзи қабл дар ҷараёни чаласаи намояндагони маҷли иттихоз шудааст ва ба гуфтаи як манбаъ аз вилояти Бадахшон, имрӯз хуруҷи гурӯҳе аз низомиёни изофии артиши Тоҷикистон аз ин шаҳр оғоз шудааст. Аммо ин хабар аз сӯйи мақомти расмӣ таъйид нашудааст.
Намояндагони маҷлиси шаҳри Хоруғ ин тасмимро дар пайи дархости намояндагони ҷомеъаи мадании ин шаҳр аз ин маҷлис иттихоз кардаанд.
Дар баёнияи намояндагони ҷомеъаи маданӣ ҳамчунин даъват шудааст, ки вазъияти иҷтимоъии маркази вилояти Бадахшон ва қазияҳои фоҷеъабори соли 2014 дар ин шаҳр ба таври фаврӣ ва барои расидан ба суботи комил арзёбӣ шаванд.
Ҳамчунин ин намояндагон тақозо кардаанд, ки барои таҳқиқи воқеъии ҳодисаи қатли ду сокини ҷавони ин шаҳр, аз ҷумлаи намояндагони маҷлиси шаҳрӣ кумисиюни вижае таъсис ёбад.
Яке дигар аз дархостҳои намояндагони ҷомеъаи мадании шаҳри Хоруғ аз намояндагони маҷлиси шаҳрӣ фароҳам кардани шароит барои мулоқоти онҳо бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 7 август пахш шудааст, ба манзури ҷилавгирӣ аз танишҳои бештар дар маркази вилоят, пешниҳод шудааст, ки тамоми нерӯҳои изофии низомӣ ва кормандони интизомӣ аз шаҳри Хоруғ хориҷ шаванд.
Ҳамчунин гардиши низомиён дар шаҳр бо либосҳои вижаи низомӣ ва бо аслиҳа мамнуъ шавад.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Хоруғ, чанде қабл гуфта буд, ки ниҳодҳои интизомию амниятӣ низ дар бурузи нооромиҳои охири моҳи май дар ин шаҳр "бегуноҳ набудаанд."
Фаромуз Имомбердиев дар ин бора дар мақолае зери унвони "Ту ваҳдат аз дили бекина омӯз...", ки рӯзи 24 июл дар нашрияи порлумонии "Садои мардум" мунташир шуд, ибрози назар карда буд.
Ин нооромиҳо дар авохири моҳи май дар ин шаҳр дар пайи даргирие, ки дастикам панҷ нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис, дар он кушта шудаанд, оғоз шуданд.
Давлати Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳаводис кумиссиюни вижае ба раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур, таъсис дод, ки намояндагони ҷомеъаи мадании Бадахшон низ ба он шомиланд. Аммо ин кумисиюн то ҳол натиҷаи таҳқиқоти худро пахш накардааст.
Аз сӯйи дигар субҳи рӯзи 5 август аҷсоди ду нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон, дар ҳумаи ин шаҳр бо нишонаҳои шилики гулӯла аз ноҳияи сар пайдо шуда буданд.
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳе аз кормандони вижаро ба шаҳри Хоруғ фирситодааст.
