Кашфи аҷсоди ду ҷавони маҳаллӣ дар ҳаволии шаҳри Хоруғ

  • 5 Август, 2014
Шаҳри ХоруғImage copyrightBBC World Service
Image caption Аҷсоди ду сокини ҷавони шаҳри Хоруғ субҳи рӯзи 5 август дар рустои Ниводак пайдо шудааст

Субҳи рӯзи сешанбеи 5 август аҷсоди ду нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳумаи ин шаҳр пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳар ду нафар аз ҷавонон бо шилики гулӯла аз ноҳияи сар ба қатл расидаанд.

Ба гуфтаи як манбаъ аз шаҳри Хоруғ, аҷсоди Сайёд Охунқадамов ва Далер Хушдилов, ки ҳар ду 26-сола будаанд, соъати чаҳори субҳ дар мавзеъи мавсум ба Ниводак пайдо шудааст.

Ин манбаъ ба нақл аз ҳамсояҳои ин афрод мегӯяд, ки онҳо варзишкор ва афроди орому ботамкине будаанд, бо ҳеч гурӯҳи сиёсӣ ё ҷиноӣ иртибот надошта ва ба тиҷорат машғул будаанд.

Вай гуфт, ки қатли ин ду ҷавон бисёре аз сокинони шаҳри Хоруғро шигифтзада кардааст.

Аҷсоди ин ду нафар дар рустои Ниводак, дар назди рӯдхонаи Панҷ, дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, дар худраве, ки гуфта мешавад ба онҳо мутаъаллиқ набуда, пайдо шудааст.

Афроде, ки аҷсоди онҳоро дар худрав дидаанд, мегӯянд ба назар мерасад, ки ин ду ҷавон дар макони дигаре ба қатл расида ва шабона ба ин минтақа оварда шудаанд.

Аҷсоди ин ду сокини шаҳри Хоруғ дар наздикии марз дар ҳоле пайдо мешавад, ки чаҳор рӯз қабл дар рустои Юмҷи устони Бадахшон Мералӣ Назаралиев, як сокини рустои Нишуспи ҷамоъати Дарморахт, ба таври мармузе нопадид шуда ва то ҳол пайвандони ӯ дар ҷустуҷӯй вай ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки худрави мутаъаллиқ ба оқои Назаралиев низ дар наздикии рӯдхонаи Панҷ дар наздикии марзи муштарак бо Афғонистон бо дарҳои боз пайдо шуда, вале ронанда дар он ҷо набудааст.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 5 август торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни пахши хабаре дар бораи пайдо шудани аҷсод дар ҳумаи шаҳри Хоруғ нивишт, ки дар мавриди қатли ин ду ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Дар ин хабар омадааст, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури доихлӣ, таҳқиқи ин парвандаро зери назорат гирифта ва бо амри ӯ ба вилояти Бадахшон мутахассисони пизишкии қонунӣ фиристода шудаанд.

Пулис менависад, ки дар бадани Сайёд Охунқадамов ва Далер Хушдилов нишонаҳои марги иҷборӣ мавҷуд буда ва таҳқиқи ин қазия тибқи моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қатл, анҷом мегирад.

Гуфта мешавад, ки женерол Абдулло Навҷавонов, раиси бахши пулис дар вилояти Бадахшон низ замони пайдо шудани аҷсоди ин сокинон дар макони воқеъа будааст.

Мутахассисони бахши пизишки қонунӣ дар ҳоле ба шаҳри Хоруғ эъзом шудаанд, ки баъд аз зуҳри имрӯз аҷсоди оқоён Охунқадамов ва Хушдиловро пайвандонашон ба хок супурдаанд.

Дар маросими хоксупории ин ду ҷавон даҳҳо нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ гирдиҳам омада буданд.

Матолиби муртабит