Сафари кории вазири умури дохила ба Бадахшони Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceВазири умури дохилаи Тоҷикистон барои ошноӣ бо вазъ ва шароити фаъъолияти пулис дар вилояти Бадахшон ба ин минтақа сафар кардааст.барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон сафар кардааст.
Ҳамчунин, Рамазон Раҳимзода дар ҷараёни сафари кориаш дар ин вилоят шароити фаъъолияти пулис дар фасли зимистон дар навоҳии мухталиф дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ва омодагӣ барои ҷилавгирӣ аз оташсӯзиҳоро назорат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи майи соли ҷорӣ вазъияти дар шаҳри Хоруғ дар пайи амалияти пулис барои боздошти афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир дар хиёбони марказии ин шаҳр ноором шуда буд.
Ин амалиёт, ки бо тирандозӣ анҷом шуда буд ба норизоятии густардаи сокинони умдатан ҷавони ин шаҳр доман зад ва шумори зиёде аз ҷавонони маҳаллӣ дар маркази Хоруғ гирдиҳам омада ва бархе аз сохтмонҳои идории шаҳр, аз ҷумла бинои кормандони пулисро оташ заданд.
Дар ҷараёни ин нооромиҳо дастикам панҷ нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис кушта шуданд. Давлати Тоҷикистон барои таҳқиқоти ин воқеъа кумисиюни вижае таъсис дода буд, ки намояндагони ҷомеъаи мадании вилояти Бадахшон низ ба он шомил шуда буданд.
Аммо то ҳол натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти ин кумисиюн дар мавриди ин воқеъа пахш нашудааст. Ба эҳтимоли зиёд оқои Раҳимзода дар сафари феълии худ ба вилояти Бадахшон натиҷаи ин таҳқиқтро низ баррасӣ хоҳад кард.
Вай қаблан аз сафар ба вилояти Бадахшон дар вилояти Хатлон низ сафари кориеро анҷом додааст.
Женерол Раҳимзода, ки рӯзи 29 ноябр ба минтақаи Кӯлоби ин вилоят рафта буд дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадид барои кормандони ноҳияи Шӯрообод ширкат кардааст.
Вай ба кормандони воҳиди вокуниши сареъи ноҳияи Кӯлоб ду адад мошини ҷадид ва як компютерро ба унвони армуғон аз номи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эъто кардааст.
