Пулис таҳқиқоти марги мармузи ду сокини Душанберо идома медиҳад
Image copyrightBBC World ServiceПулис мегӯяд, ки кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон машғули таҳқиқот барои пайдо кардани муттаҳамони қатли ду сокини шаҳри Душанбе ҳастанд.
Торнамои ин ниҳод, рӯзи сешанбеи 18 ноябр хабар додааст, ки аҷсоди ин ду сокин дар ҳумаи шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон кашф шудааст.
Дар ҷузъиёти ин иттилоъ омадааст, ки Меҳроб Каримов, сокини Душанбе аз нопадид шудани бародарони 34-сола ва 46-солаи худ ба пулис муроҷеъа карда будааст.
Масъулони вазорати умури дохила барои пайдо кардани Каримовҳо амалиёти вижаеро доир карданд.
Кормандони вазорат мегӯянд, ки аҷсоди бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳоро бо нишонаҳои марги иҷорӣ дар минтақаи мавсум ба Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, дар 30-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе рӯзи 18 ноябр пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки бародарони Каримовҳо бо худравҳои гапронқимати худ рӯзи 6 ноябр аз манзили маскунӣ баромада ва нопадид шуда буданд.
Пулис дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноро тибқи моддаи 104 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне қатл боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар иттилоъи дигари торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони он мегӯянд, ки як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба занни қатли бародараш боздошт кардаанд.
Шавкатҷон Турсунови 37-сола бо бародари худ Шуҳратҷон Турсунови 35-сола даъво мешавад ва бо ҷоқу ба синаи бародарашро зарба мезанад, ки дар натиҷа Шуҳрат ҷони худро аз даст медиҳад.
Дар се рӯзи ахир ин дуввумин воқеъаи қатли бародар аз сӯйи бародар дар вилояти Суғди ин кишвар будааст.
Пулис мегӯяд, ки дар ҳар ду ҳолат афроди муттаҳам дар ин ҷурм дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз иҷрои қонуни афв дар Тоҷикистон мизони ҷароим дар ин кишвар то андозае афзоиш ёфтааст.
