Боздошти як масъули ширкати "Тоҷиклизинг" дар Суғд

  • 13 Ноябр, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки раиси собиқи ширкати “Тоҷиклизинг” дар вилояти Суғдро ба занни сирқати як троктури ин ширкат боздошт кардаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 13 ноябр ин иттилоъро пахш карда ва навишт, ки Аскар Шарифов, раиси ин ширкат, дар ноҳияи Исфара бо роҳи омода кардани мадорики тақаллубӣ троктуреро моли худ кардааст.

Сипас оқои Шарифов ин троктурро ба Абувосит Одилов, сокини Қирғизистон, ба маблағи 15 ҳазор дулор фурӯхта ва ин маблағро барои ниёзмандиҳои хеш масраф кардааст.

Троктури навъи “Тоҷирон” барои истифодаи кишоварзон аз он дар ихтиёри ин ширкат гузошта шуда буд.

Дар робита бо ин воқеъа пулис дар ноҳияи Исфара парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.