Боздошти фарде ба иттиҳоми таҷовуз
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини вилояти Хатлон ба занни таҷовуз ба номуси як духтари ҷавон хабар додаанд.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, фарди дигаре низ ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар иртикоби ин ҷурм дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.
Дар ин хабар омадааст, ки қазияи мазкур рӯзи якуми ноябр рух додааст ва парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса пас аз шикоят аз сӯйи қурбонии воқеъа боз шудааст.
Ин афрод натанҳо дар таҷовуз ба номус, балки дар рабудани духтари 19-сола низ муттаҳам шудаанд, зеро тибқи иттилоъи шокии парванда, яке аз онҳо, ки гуфта мешавад як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будааст, бо истифода аз зӯр ин духтарро савори худрав карда ва ба шаҳри Душанбе овардааст.
Ду фарди муттаҳам ба ин ҷароим бародарони 30 ва 36 сола будаанд.
