Пулис аз боздошти як ҷавон ба занни қатли бародараш хабар дод

  • 17 Ноябр, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як ҷавонро ба занни қатли бародараш дар вилояти Суғди ин кишвар боздошт кардаанд.

Торнамои ин ниҳод, рӯзи душанбеи 17 ноябр менависад, ки Сайидалӣ Матқозиев дар ҳолати мастӣ даст ба қатли бародараш зада ва кормандони пулис ӯро дар ҷараёни амалиёти вижа боздошт кардаанд.

Оқои Матқозиеви 26-сола дар ҷараёни даъво бо бародараш Элмурод Матқозиеви 24-сола бо истифода аз ҷоқу ба синаи бародараш зарба зада ва Элмурод дар макони ҳодиса, яъне манзили маскунӣ ҷони худро аз даст додааст.

Кормандони вазорат дар дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд дар робита ба ин ҳодиса парҷвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Қонуни ҷазои Тоҷикистон барои содир кардани ҷурми қатл аз 12 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.