Назарот: Табъиз ва озори ҷинсии занон дар Тоҷикистон

  • 29 Октябр, 2014
Духтарони аспдавони тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Бисёре аз духтарон тоҷик ба варзишҳои мухталиф, аз ҷумла кӯштию футбол ва аспдавонӣ машғул буда ва дар ин ҷодда дар баробари ҷавонони варзишгар истеъдод доранд

Ҳарчанд мавзӯъи табъизи занон ва духтарон аз нигоҳи ҷинсият дар ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон яке аз масоили доғ унвон мешавад, вале ин мавзӯъ аз сӯйи он идда аз заноне, ки бо он рӯбарӯ шудаанд, камтар садо медиҳад.

Бисёре аз занону духтарон дар Тоҷикистон, ки мавриди табъиз ва озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд, аз бими ангуштнамо шудани худ дар ҷомеъа аз суҳбати ошкор дар ин маврид худдорӣ мекунанд.

Аммо ҳуқуқдонҳои зан мегӯянд, ки маҳз хомӯшии занон ва надонистани ҳуқуқашон яке аз авомили аслии афзоиши табъизи ҷинсиятӣ дар ин кишвар аст. Табъизи ҷинсии занон ва духтарон дар шароити мухталиф дар Тоҷикистон гоҳо аз авомилест, ки иддае аз занон ва духтаронро водор ба худкушӣ мекунад.

Зарнигор, корманди арсаи беҳдошт:

Image copyrightBBC World Service

"Ман борҳо шоҳиди он будам, ки чи тавр гурӯҳе аз ҷавонон дар хиёбонҳо ба духтарон ба истилоҳ "гап мепартофтанд" (матлак мегуфтанд) ва яке аз намунаҳои он, "а духтар ҷигарта бухӯрам” аст. Ба назари ман, ин ҳарфҳо яке аз намунаҳои озори ҷинсии духтарон аст, зеро аксаран ин бачаҳои ҷавон духтарони ба назар заъифро мавриди озори ҷинсӣ қарор медиҳанд.

Ба ман ва дӯстонам низ борҳо ҷавонон “а духтари хушрӯяк, куҷо мерай” гуфта садо мекарданд, вале мо ин ҳарфҳоро ношунида мегирем. Албатта, ҳатто барои ин ҳарфҳо мо метавонем ба кормандони интизомӣ шикоят барем, вале намехоҳем вақтамонро беҳуда сарф кунем.

Ҳамчунин, дар фасли зимистон, ки барф меборад, борҳо шоҳид будем, ки чи тавр гурӯҳе аз писарбачаҳо ба сӯйи духтарон барф меандозанд, аммо на ҳамеша аз чунин рафторҳои хушунатомез духтарон ба маъмурони интизомӣ шикоят мебаранд.

Ман фикр мекунам, барои боло бурдани сатҳи дониш, дар макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо дар бораи баробарҳуқуқии занон ва мардҳо омӯзгорон бештар бояд суҳбат кунанд ва дар ҷараёни он эҳтиром ба духтар ва занро дар авлавият қарор диҳанд.

Дар хонаводаи мо падарам ба фарзанди духтар эҳтиром мегузошт ва мегуфт, ки бояд ҳар ду ҷинси фарзанд таҳсил кунанд ва бавижа духтарон ба таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ бештар ниёз доранд."

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ:

Image copyrightBBC World Service

"Дар тӯли таҷрубаи кории худ чун вакили мудофеъ ман борҳо шоҳиди воқеъаи табъиз алайҳи занон дар корхонаҳо ва муассисоти давлатӣ ва хусусӣ будам. Ҳарчанд занон ва духтарон дар аввал аз он ба мо шикоят мекарданд, ки мавриди табъизу озори ҷинсӣ аз сӯйи раҳбарони хеш ва ё кормандони дигари мард қарор гирифтаанд.

Ва ба сабаби рад кардани пешниҳодҳои тавҳиномези ин мардҳо аз фаъъолият сабукдӯш шудаанд, аммо замоне ки кор то ба додгоҳ бояд бирасад, аз шикояташон бо дарназардошти агуштнамо шудани худ дар ҷомеъа ва ё талоқ гирифтан аз шавҳарҳояшон даст мекашанд.

Ин аст, ки мавриди табъиз қарор гирифтани занон ва духтарон дар ҷомеъаи мо дар сутаҳи мухталиф як амри одӣ боқӣ хоҳад монд. Дар миёни раҳбарони ҷумҳурӣ шумори занон андак аст, зеро бештар ба мардҳо боварӣ аст ва ба ақли зан арҷ гузошта намешавад. Ва ё агар зане дар кадом муассиса ва ё ширкат раҳбар бошад, бисёре аз мардҳои зери дасташ бо таваҷҷуҳ ба ҷинсияти ӯ бисёр вақт дастурҳои ӯро нодида мегиранд.

То замоне, ки занон ва духтарон аз мавҷудияти табъизи ҷинсӣ алаҳйи худ хомӯш мемонанд, ин падидаи номатлуб дар ҷомеъаи мо боқӣ хоҳад монд.

Яке дигар аз намунаҳои табъизи занон ва духтарон дар заминаи ширкати онҳо ба унвони номзад дар интихоботҳо иттифоқ меуфтад. Дар ҷараёни раъйдиҳӣ маҳз бо дарназардошти ҷинсият, яъне зан будани ин номзадҳо, аксари мардҳо ба номзадҳои мард раъй медиҳанд.

Бадбахтӣ дар он аст, ки бештари занҳои раъйдиҳанда низ бо он ки фаъъолияти худро танҳо ба муҳити хонавода маҳдуд медонанд, ба занҳо ва духтарони номзад раъй намедиҳанд."

Зулфия Содиқова, ҳунарманди теотр ва синемо:

Image copyrightBBC World Service

"Ман аз аввали фаъъолиятам дар теотр ва синемо ҳадаф гузоштам, ки бо ман чун бо ҳунарманд рафтор кунанд ва тафовути ҷинсии маро фаромӯш кунанд. То ҳол ҳазорон бор шукр бо табъиз алайҳи хеш аз назари ҷинсӣ рӯбарӯ нашудаам. Шояд ба хотири он ки ман дар баробари мардҳо ба ҳангоми корам мардона суҳбат мекардам ва иҷоза намедодам, ки касе аз ақидаи ман ва пешниҳодҳои кории ман сарфи назар кунад. Албатта агар ин пешниҳод як амри зарурӣ мебуд.

Аммо баъзан замоне, ки фарзи мисол дар саҳна ва ё дар макони фалмбардорӣ як каме ба шӯхӣ ва ҳазл роҳ медодам, бархе аз мардҳо, ки дар атроф қарор доштанд, ба худ иҷоза медоданд, ки бо истифода аз ин шӯхиҳо ҳазлҳои берун аз ҳадро кунанд. Ман фавран онҳоро ба ҷояшон мешинондам ва мегуфтам, ки "когда шутит Юпитер, бык молчить (Замоне, ки Муштарӣ ҳазл мекунад, гов хомӯш мемонад)."

Ростӣ, дар ҷараёни фаъъолиятам дар теотр ва синемо шоҳиди табъизи бештар аз ин алайҳи занон ва духтарони ҳунарманд аз сӯйи кормандони мард ва ё раҳбарони ин ниҳодҳо нашудаам. Шояд ба ин хотир ки сатҳи дониши занон ва духтарони ҳунарманд болост ва онҳо ба касе иҷоза намедиҳанд, ки алайҳи онҳо табъиз кунанд."

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ:

Image copyrightBBC World Service

"Дар ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон ҳамарӯза занон ва духтарон бо намунаҳои мухталифи табъиз алайҳи худ рӯбарӯ ҳастанд. Муносибат ба духтарони ҳиҷобпӯш барои доштани ҳиҷоби исломиро метавонем яке аз нишонаҳои табъизи ҷинсӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кунем.

Аммо ба ҷуз аз ин занон ва духтарон, ки дар Тоҷикистон ба ноноварҳои хонавода табдил ёфтаанд, аз он шикоят мекунанд, ки дар макони фаъъолияташон ва ё дар бозорҳо, ки аксаран онҳо ба тиҷорат машғул ҳастанд, ба ин мушкил гирифтор мешаванд.

Ҳамчунин дар бисёре аз ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки занон машғули кор ҳастанд, бо вуҷуди он ки фаъъолияти онҳо аз мардҳо дучандон сангин аст, вале маъоши занон ва духтарон дар муқоиса бо мардҳои ин ширкатҳо бамаротиб камтар аст ва ин худ яке аз намунаҳои аслии табъизи ҷинсӣ мебошад.

Ақли занон ва духтарон дар Тоҷикистон аксаран ба инобат гирифта намешавад ва аз онҳо бисёриҳо ба унвони "ҷинси заъиф", "аёл" ва ё "муштипар" ном мебаранд, ки ин низ яке аз рафторҳои нохуб алайҳи занон аст.

Бархе вақт ин суханҳо дар ҳаққи занон ва духтарон аз сӯйи иддае аз афроди мазҳабӣ садо медиҳанд, вале дар миёни аъзои Ҳизби наҳзати исолмии Тоҷикистон ҳуқуқи мардҳо ва занон баробар аст ва дар ҳамоишҳои мо ба фикру ақида ва пешниҳодҳои занони аъзои ин ҳизб аҳаммият медиҳанд."

Матолиби муртабит