Шикояти шуморе аз фурӯшандагони бозори 'Корвон' аз амалкарди пулис

  • 10 Июл, 2014
Бозори "Корвон"Image copyrightBBC World Service
Image caption Ба гуфтаи занони фурӯшанда, маъмурони пулиси маҳаллӣ маводди фурӯшии онҳоро мусодира карда ва ба самти номаълуме бурдаанд

Бархе аз фурӯшандагони маводди ғизоӣ дар бозори “Корвон”, воқеъ дар ҷануби шаҳри Душанбе, мегӯянд, ки кормандони пулис аз фурӯши маҳсулоти онҳо дар гӯшае аз ин бозор монеъ шудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи занони фурӯшанда, маъмурони пулиси маҳаллӣ маводди фурӯшии онҳоро мусодира карда ва ба самти номаълуме бурдаанд.

Дилбар, яке аз фурӯшадагони ин бозор, рӯзи панҷшанбеи 10 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке аз кормандони пулис, ки ин зан аз ӯ Шавкат ном бурд, бо бархе аз занони фурӯшанда рафтори хашин кардааст.

Вай мегӯяд: "Раиси пулиси бозор ба сари ӯ мушт кашид ва тамоми маводди фурӯшии маро мусодира кард."

Ҷамила, яке дигар аз заноне, ки дар наздикии дарвозаи шумораи шаши бахши умдафурӯшии бозори “Корвон”, ба фурӯши нон ва мева машғул аст, бо гиря мегӯяд, ки имрӯз наметавонад барои се кӯдаки худ маводде харидорӣ кунад.

Ҷамила афзуд: "Ман даҳ сол боз бо кӯдаконам танҳо зиндагӣ мекунам ва аз хонавода танҳо касе ҳастам, ки барои даромади рӯзгор пул пайдо мекунам. Аммо имрӯз пулис маводди маро гирифт ва ман акнун намедонам дар ин моҳи рамазон ба кӯдаконам бо кадом сармоя ғизо бигирам."

Ин хонум мегӯяд, ки фурӯши маҳсулот танҳо шуғле аст, ки вай аз он ҳамарӯза аз 20 то 30 сомонӣ (6 дулор) ба даст меорад.

Садриддин ва ҳамсараш низ фурӯшандагони мева ва маводди ғизоӣ дар ин бахши бозор ҳастанд. Садриддин мегӯяд, ки дар соли 2012 дар замони оташсӯзӣ дар бозори “Корвон” қарздор ва муфлис шудааст. Вай мегӯяд, ки акнун аз тиҷорати хурд дар ин бозор низ маҳрум хоҳад монд.

Аксари фурӯшандагон дар назди дарвозаҳои бозори “Корвон” занон ва духтарон аз хоанводаҳои камбизоъат ҳастанд, ки бештари даромади рӯзгорро аз хурдафурӯшӣ дар ин макон ба даст меоранд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони пулис мегӯянд маконе, ки ин афрод даст ба хурдафурӯшӣ мезананд, ҷои поркинг ё таваққуфи худравҳост.

Ба гуфтаи онҳо, ба сабаби он ки бархе аз афрод аз ҷойи таваққуфи мошинҳо ба унвони фурӯшгоҳ истифода мекунанд, ронандаҳо водор мешаванд, ки худравҳои худро дар роҳи утумубилрав гузоранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи кормандони бозори “Корвон”, афроде, ки дар ин макон даст ба фурӯши маҳсулот мезананд, иҷозаи расмӣ барои ин корро надошта ва ба масъулони бозор молиёт ҳам намепардохтаанд.

Бозори "Корвон", ки аз бузургтарин бозорҳои Тоҷикистон аст, барои ҳазорон хонавода дар ин кишвари фақрзадаи Осиёи Марказӣ маҳалли кор ва дарёфти рӯзӣ маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит