Танзими қимати ғизо: Раиси бозори 'Шоҳмансур' барканор шуд

Шаҳрдори Душанбе ба дунболи баррасии иҷрои қарор дар бораи поин нигоҳ доштани қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳо, раиси бозори “Шоҳмансур”, яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши маводди ғизоӣ дар пойтахтро аз симаташ сабукдӯш кард.
Баррасии қарори шумораи №399 шаҳрдорӣ “Дар бораи таъмини тадбир барои пешгирии афзоиши қимати маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе” дар ҷаласаи намояндагони маҷлиси шаҳрӣ, ки рӯзи душанбеи 15 июл доир шуд, сурат гирифт.
Ҳарчанд шаҳрдорӣ далели аслии барканор кардани Асомуддин Ризоевро шарҳ надода, аммо гумон меравад, ки яке аз сабабҳои аз вазифа гирифта шудани ӯ мавзӯъи риъоят нашудани қимати маводди ғазоӣ дар ин бозор бошад.
Қаблан Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе гуфта буд, тоҷироне, ки қимати маводди ғазоиро аз меъёри муқаррарашуда зиёд мефурӯшанд, дар оянда аз ҳаққи тиҷорат дар куллия бозорҳои шаҳр маҳрум хоҳанд шуд. Ҳамчунин оқои Убайдуллоев аз масъулони зидахл дархост карда буд, ки ба кайфияти хуби маводди фурӯшӣ дар бозорҳо низ таваҷҷуҳ кунанд.
Қарори марбути шаҳрдорӣ аз 8 июли соли ҷорӣ таъруфаи мушаххаси қиматҳоро барои 12 номгӯйи маводди ғизоӣ дар пойтахт муъайян карда буд.
Намояндагони маҷлиси шаҳр барои маводди гӯштӣ, орд, равғани наботӣ, биринҷ, шакар, фаровардаҳои ширӣ ва тухм, бархе аз сабзиҷот қимати муъайяне таъйин карданд. Аммо ба гуфтаи иддае аз сокинони Душанбе ин иқдом ҳамчунин мунҷар ба камбуди маводди ғазоӣ бо кайфияти хуб дар бархе аз бозорҳо дар як ҳафтаи ахир шудааст.
Зеро гуфта мешавад, танҳо маводди ғизоии дорои кайфияти поин бо қимати мушаххасшуда аз сӯйи шаҳрдорӣ ба бозорҳо омада ва масалан гӯшти хуб танҳо ба сурати пинҳонӣ дар бархе аз нуқоти шаҳр бо қимати боло ба фурӯш мерасад.
Ин дар ҳолест, ки тоҷирон аз боло будани молиёти моҳона ба давлат барои тиҷорат дар бозорҳо шикоят мекунанд ва мегӯянд ин вазъ сабаби аслии боло шудани қимати маводди фурӯшӣ дар бозорҳо аст.
