Бозорҳо ва тағйири қимати ғизо дар онҳо дар моҳи Рамазон
Маъмулан дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводди ғазоӣ дар муқоиса ба рӯзҳои маъмулӣ афзоиш меёбад.

Дар моҳи рамазон дар бозорҳои Тоҷикистон нишалло,ки ғизои пуртарафдор дар миёни рӯзадорон аст, бештар ба фурӯш мерасад.

Дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои нахустини рамазон қимати гӯшт, равған, орд ва шакар дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ афзоиш ёфт.

Дар хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Тоҷикистон шумори гадоён дар моҳи Рамазон бештар ба назар мерасанд

Иддае аз тоҷирон мегӯянд, ки афроде, ки дар ин моҳ рӯза мегиранд, кушиш мекунанд, ки ғазоӣ муққавӣ масраф кунанд ва ба ин хотир дар кнори гӯшт мағзу мавиз зиёд мехаранд.

Вале афроде, ки маъоши онҳо барои харидани ғизои муққавӣ кофӣ нест, андак нестанд.

Гуфта мешавад, сокинони Тоҷикистон маҳсулоти ордӣ, аз ҷумла нонро зиёд масраф мекунанд.

Шаҳрдори Душанбе қабл аз шурӯъи моҳи рамазон аз соҳибкорону тоҷирон хост ки аз афзоиши қимати маводди ғазоӣ дар бозорҳо ҷилавгирӣ кунанд ва барои 12 номгӯй маводди ғизоӣ дар бозорҳо қиматҳои ягона муъайян кард.

Дар бозорҳои шаҳри Қурғонтеппа қимати меваҷот ва сабзиҷот дар муқоиса ба бозорҳои Душанбе арзонтар будааст.

Дар ин моҳ мардуми Тоҷикистон ба афроди ниёзманд бештар кумак ва хайр мекунанд.

Дар муқоиса ба рӯзҳои маъмулӣ дар дӯконҳои фурӯши маводди ғазоӣ ба вежа дар гӯштфурӯшиҳо қимати ин маводд, қаблан 33 сомонӣ буд, вале дар ду рӯзи ахир 29 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дар сурати иҷро нашудани қарори вежаи шаҳрдорӣ дар мавриди таъйини қимати маводд аз сӯйи тоҷирон, идомаи фаъъолияти онҳо дар бозорҳо таҳти суол хоҳад рафт.
