Таъини қимати 12 номгӯйи маводди ғазоӣ дар бозорҳои Душанбе

  • 9 Июл, 2013
Бозори Шоҳмансур
Image caption Барои мисол барои фурӯши як килуграм гӯшти гов дар бозорҳо 29 сомонӣ қимат муъайян шудааст

Шаҳрдори Душанбе ва иддае аз соҳибкорону тоҷирон барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳо таъруфаи қимати вижаеро барои 12 номгӯйи маводди ғизоӣ дар пойтахт муъайян кардаанд.

Ин масъала дар ҷаласаи муштараки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдор ва иддае аз тоҷирон ва раҳбарони ширкатҳои тавлидкунандаи маводди ғизоӣ баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии шаҳрдории Душанбе дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 8 июл баргузор шуд, барои фурӯши маводди гӯшт, орд, равғани наботӣ, биринҷ, шакар, фаровардаҳои ширӣ ва тухм, бархе аз сабзиҷот қимати муъайяне таъйин шуд.

Ҳамчунин масъулони шаҳрдорӣ дар ин иттилоъия аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш кардаанд, ки дар ҷараёни моҳи рамазон дар сурати талоши фурӯши маводди ғизоӣ ба онҳо бо қимати бештар аз меъёри муъайяншуда, ба шаҳрдорӣ шикоят бибаранд.

Дар иттилоъияи ин ниҳод омадааст, ки таъйини қимати маводди ғизоӣ бо пешниҳоди соҳибкорон ва тоҷирон ва ҷонибдории оқои Убайдуллоев аз ин пешниҳод ба даст омадааст.

Барои мисол барои фурӯши як килуграм гӯшти гов дар бозорҳо 29 сомонӣ қимат муъайян шудааст.

Дар ин иттилоъия омадааст: "Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки ҷавобан (мутақобилан) ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон шаҳрдорӣ омодааст ба тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвоъи маҳсулоти ниёзи аввалияи машғул ҳастанд, тибқи дархост аз ҳисоби будҷеи шаҳрӣ ба муҳлати 3 моҳ қарзҳои бефоиз (вомҳои бебаҳра) ихтисос хоҳад дод."

Image caption Оқои Акрамов гуфт, ки сармояе, ки ӯ дар ихтиёр дорад барои харидории маводди ғизоии мавриди ниёз кифоят намекунад

Дар бозори бузургтарини фурӯши маводди ғизоии мавсум ба "Шоҳмансур" дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе харидорони зиёде ба чашм намехӯрданд.

Аммо дар муқоиса бо рӯзҳои дигар дар дуконҳои фурӯши маводди ғизоӣ бавижа дуконҳои фурӯши гӯшт қимати ин мавод, ки қаблан 33 сомонӣ буд 29 сомонӣ нишон дода шудааст.

Яке аз фурӯшандагон мегӯяд, ки маъмулан дар замони рамазон вай бидуни дастури мақомоти давлатӣ қимати маводди фурӯширо коҳиш медиҳад. Зеро ӯ низ мусалмон аст ва ба гуфтаи ӯ дар моҳи рамазон фурӯши маводди ғизоӣ бо қимати камтар аз рӯзҳои қаблӣ як кори "савоб" будааст.

Муҳаммад Акрамов барои харидории маводди зарурӣ барои гузарони зиндагии якрӯза ба бозор омадааст, вай дар даст пул дошт ва машғули ҳисоб кардани он буд. Ин марди солманд мегӯяд, ки 150 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекунад ва ҳоло намедонад, ки бо пули андаке ки дар даст дорад, чи чизеро харидорӣ кунад.

Вай афзуд: "Тоҷикистони азизамон наметавонад маводди бештареро дар дохил тавлид кунад. Мардум пул надоранд. Ба ман фарзандонам кумак мекунанд."

Оқои Акрамов гуфт, ки сармояе, ки ӯ дар ихтиёр дорад барои харидории тамоми маводди мавриди ниёз намерасад.

Таъйини қимати вижаи маводди фурӯшӣ дар бозори Шоҳмансур баъд аз ҳар даҳ понздаҳ дақиқа тавассути баландгӯҳои ин бозор эълом мешуд.

Ҳамчунин дар ин эълом масъулони бозор ҳушдор медоданд, ки дар сурати ошкор шудани мавориди фурӯши ин мавод бо баҳое болотар аз меъёри таъйиншуда фурӯшандагон муҷозот хоҳанд шуд. Аммо дар бораи чигунагии ин муҷозот иттилоъе пахш нашудааст.

Яке аз харидорони ин бозор гуфт, ки ҳангоми харидории гӯшт фурӯшанда аз ӯ панҷ сомонӣ барзиёд гирифтааст.

Image caption Оқои Ҷамолов мегӯяд, ки инсоф дар миёни тоҷирон аз миён рафтааст

Саидшариф Ҷамолов, як сокини бознишастаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки қимати маводди ғизоӣ хеле гарон аст ва мувофиқ ба ҳуқуқе, ки аксари мардум дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, набудааст.

Оқои Ҷамолов афзуд: "Як килуграм гӯштро дар нархнома 30 сомонӣ навишта, аммо дар асл ман ба 35 сомонӣ харидам. Тоҷирон худашон аҳли муслим ҳастанд ва ҳадди ақал дар моҳи шарифи рамазон қимати маводди ғизоиро паст кунанд. Дар кишвар бекорӣ ҳаст, охир мардум аз куҷо пул меёбанд."

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз тоҷирони ин бозор аз боло будани мизони молиёти моҳона ба давлат барои тиҷорат дар ин бозор шикоят мекунанд. Аммо оқои Ҷамолов мегӯяд, ки ба молиёти тоҷирон кор надорад ва давлат низ бояд бо таваҷҷуҳ ба вазъи аксари мардум дар Тоҷикистон молиёт аз фурӯши маводди ғизоиро бознигарӣ кунад.

Фарзи мисол бархе аз фурӯшандагон мегӯянд, ки молиёт ва пардохти хадамоти дигари дар бозор барои онҳо моҳона ҳудуди 800 сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз фурӯшандагони гӯшт, ки худро Мансур муъаррифӣ кард, мегӯяд, ки ахиран онҳо аз тиҷорат дар ин бозор суди лозимае ба даст намеоранд ва танзими қимати маводди ғизоӣ онҳоро ба якборагӣ муфлис хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи иддае аз коршиносони иқтисодӣ танзими қимати маводди ғизоӣ ва колои дигаре дар бозор ба таври маснӯъӣ дар Тоҷикистон мушкил хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, ки афзоиши мизони тавлидоти маводди ғизоӣ ва масолеи дигаре дар дохили Тоҷикистон имкон медиҳад, ки қимати бархе аз анвоъи маводди ғизоӣ ва маҳсулот дар ин кишвар коҳиш ёбад.

Матолиби муртабит