UNICEF зоишгоҳҳои Тоҷикистонро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад

  • 23 Апрел, 2013
Лайлӣ Муширӣ
Image caption Муширӣ: Дар бархе аз зоишгоҳҳое, ки вориди тарҳи мо шудаанд системи обрасонӣ вуҷуд надошт

UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид системи обрасонии нӯҳ зоишгоҳ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистонро бозсозӣ кардааст.

Рӯзи сешанбеи 23 апрел масъулони ин созмон зимни баргузории маросиме аз анҷоми тарҳи таҷдиди системи обрасонӣ дар ду зоишгоҳи шаҳри Кӯлоб гузориш доданд.

Масъулони ин созмон ҳамин рӯз бо баргузории маросиме дигар бинои ҷадиди мактаби ҳамагонии рустои Даҳанаро дар ихтиёри кӯдакон гузоштанд.

Ба гуфтаи раҳбари намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон таъмини зойишгоҳҳо ва бунёди мактаби ҷадид дар вилояти Хатлон тибқи барномаи вижаи ин созмон амалӣ шуд. Ин барнома ки маблағи он беш аз 250 ҳазор дулор мебошад, дар ҳудуди як сол иҷро шуд.

Лайлӣ Муширӣ, рӯзи сешанбеи 23 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ду зоишгоҳ дар ноҳияи Кӯлоб аз ҷумлаи нӯҳ зоишгоҳ буд, ки тибқи ин барнома системи обрасонӣ дар онҳо бозсозӣ шудааст.

Хонум Муширӣ ҳадаф аз ин барномаро коҳиши маргу мири кӯдакони навзод ва беҳбуди вазъи беҳдории зоишгоҳҳо унвон кард.

Вай мегӯянд: “Мо аз миёни 66 зоишгоҳ нӯҳтоашро вориди ин тарҳ кардем, ки вазъи системи обрасонӣ дар онҳо дар ҳоли номуносибе буд. Дар бархе аз ин таваллудхонаҳо ҳатто ин систем вуҷуд надошт. Ҳадафи аслӣ таъмини шароити муносиб барои навзодон ва модарони онҳо аст. Зеро саломати кӯдак дар рӯзҳои аввал аз вазъи хуби беҳдории макони таваллуд бастагӣ дорад.”

Хонум Муширӣ мегӯяд, то охири моҳи равон як зоишгоҳ дар ноҳияи Мурғоб низ бо системи обрасонӣ таъмин хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раҳбари намояндагии Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ин нӯҳ таваллудхона дар 12 ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла навоҳии Кӯлоб ва Панҷи вилояти Хатлон, Истаравшан ва Панҷакенти Суғд ва Шуғнон ва Мурғоби вилояти Бадахшон қарор доранд.

Мактаби ҳамагоние, ки бо кумаки ин созмон дар рустои Даҳанаи вилояти Хатлон бозсозӣ шуда, чанде қабл дар натиҷаи сел хароб шуда буд ва бинои ҷадиди он дар минтақаи амни ин русто бунёд шудааст.

Коршиносон нақши сомзонҳои байналмилалӣ барои беҳбуди вазъи кӯдакон ва занон дар Тоҷикистонро муҳим мехонанд. Зеро гуфта мешавад маҳз бо кумаки ин созмонҳо мизони маргу мири кӯдакони навзод дар ин кишвар дар панҷ соли ахир коҳиши назаррасе пайдо кардааст.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар соли 2008 мизони маргу мири кӯдакони навзод 34 кӯдак ба ҳар як ҳазор таваллудро ташкил медодааст.

Вале Мутолеъоти коршиносони Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки дар соли 2012 ин омор ба 19 марг ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда расидааст.

Матолиби муртабит