Бозори "Ганҷина" барои муддате номаълум таътил шуд
Image copyrightBBC World ServiceИдораи оташнишонии шаҳри Душанбе бозори "Ганҷина" дар ҷануби ин шаҳрро таътил карда ва масъулони бозор барои рафъи ин мушкил бо шаҳрдорӣ музокира мекунанд.
Дарҳои вурудии ин бозор, ки яке аз бузургтарин бозорҳо дар пойтахти Тоҷикистон аст, аз шоми рӯзи 18 феврал барои муштариён ва фурӯшандаҳо масдуд аст.
Вақте аз маҳалли ин бозор дидан кардем, дарвозаҳои он масдуд шуда ва эълоне насб шуда буд, ки алоқамандон метавонанд барои дарёфти иттилоъи бештар ба Хуршед Муродов, маъмури идораи оташнишонӣ, дар тамос шаванд.
Оқои Муродов дар суҳбате телефунӣ изҳор дошт, ки бо дастури пулиси шаҳр бозор масдуд шуда ва феълан раҳбарони он бо мақомоти шаҳрдорӣ музокира иекунанд.
Хуршед Муродов аз ироаи ҷузъиёти дигари ин иқдом худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки дар фаъъолияти бозори “Ганҷина” "камбудиҳо ошкор шудааст." Вай ҳамчунин дар бораи замони азсаргирии фаъъолияти ин бозор изҳори беиттилоъӣ кард.
Дар назди дарвозаҳои ин бозор фурӯшандаҳои зиёде гирдиҳам омада ва мунтазири натоиҷи музокира ҳастанд. Гулсимо, як тан аз ин фурӯшандаҳо гуфт, ки шоми гузашта аз Туркия баргаштааст ва барояш гуфтаанд, ки ба далоили беҳдорӣ имрӯз кори бозори “Ганҷина” таътил шудааст.
Фурӯшандаҳои дигар иброз доштанд, ки ахиран ҳамаи онҳо таҷҳизоти оташнишонӣ харидорӣ карда ва идораи оташнишонӣ ба кори онҳо эроде нагирифтааст.
Онҳо ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки тиҷорат дар бозор танҳо манбаъи даромади хонаводаҳояшон аст ва агар дар зудтарин фурсат ин мушкил рафъ нашавад, онҳо бо мушкилоте рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Бархе аз онҳо мегуфтанд, ки барои харидории колоҳои худ аз бонкҳо бидеҳкор ҳастанд ва замони бозпардохти ин маболиғ фаро расидааст. Вале онҳо наметавонанд колоҳои худро ба фурӯш гузоранд ва ё барои бозпардохти бидеҳиҳои худ иваз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, риёсати бозори “Ганҷина” барои шарҳи ин вазъ ҳозир нашуданд, зеро гфта мешавад бештари онҳо ба шаҳрдорӣ рафтаанд ва бо мақомоти шаҳрдорӣ музокира мекунанд.
Вале бархе аз фурӯшандаҳо изҳор доштанд, ки масъулони “Ганиҷина” натавонистаанд сареъан ин мушкилро бо мақомот ҳал кунанд ва ҳамакнун таъвиқ дар фаъъолияти бозор метавонад ба дарозо бикашад.
Зимнан, идораи оташнишонӣ дар фасли сармо пайваста фаъъолияти бозорҳои Тоҷикистонр таҳти назорат қарор дода ва вуҷуди навоқис дар онҳоро ошкор месозад.
Ба ин далел ахиран фаъъолияти қисмате аз бозори “Саховат”, бозори маводди ғизоӣ дар канори “Ганҷина”, низ барои муддате мутаваққиф шуда буд.
Вуқӯъи оташсӯзиҳо дар бозорҳои Тоҷикистон низ падидаи тоза нест. Расонаҳо ҳамасола аз мавориди зиёди ин гуна ҳаводис хабар медиҳанд.
Бузургтарин оташсӯзӣ дар бозори мавсум ба “Корвон”-и шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2012 рух дода буд, ки ба эътирозоти густардаи фурӯшандаҳо мунҷар шуд.
