Оташсӯзӣ дар бозори "Садовод"-и Маскав

  • 16 Декабр, 2013

Вазорати умури изтирории Русия хабар дод, ки маъмурони оташнишонӣ оташсӯзии бузург дар бозори “Садовод” дар маскавро хомӯш карданд. Касе осеби ҷисмонӣ надидааст.

Дар оташсӯзие, ки тамоми шаб идома дошт, колоҳо ва дӯконҳо дар масоҳати 300 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст.

Бо ин оташсӯзӣ ҳудуди 100 маъмур ва 29 мошини оташнишонӣ мубориза бурдаанд.

Хабари оташсӯзӣ дар бозори “Садовод”, воқеъ дар 14 килуметрии МКАД дар соъати 00:37 гузориш шуд. Дар ин бозор колоҳои мухталиф маҳфуз будааст.

Гуфта мешавад ин бозор маҳалли кори теъдоди қобили мулоқҳизае аз муҳоҷирони корӣ ва тоҷирони хориҷӣ, ба вижа аз Тоҷикистон аст.