Нигаронии моликони бозори "Ином" аз сарнавишти он
Image copyrightBBC World ServiceАксари моликон ва тоҷирони бозори “Ином” вилояти Хатлон аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ин бозор ба моликияти Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикстон ва ҳамкори ӯ Холназар Достиев мегузарад.
Ба гуфтаи иддае аз фурӯшандагони ин бозор, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуси ин вилоят, дар сурати тағйири ёфтани соҳибони ин бозор бисёре аз тоҷирон ҷои фаъъолияти худро дар ин макон аз даст хоҳанд дод.
Бурҳон Абдуллоев, ки молики феълии бозори “Ином” ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ гуфт, ки мехоҳанд Президент Раҳмон дар мавриди баҳси бозор, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев ва Холназар Достиев дар ҳоли ҳозир сурат дорад, огоҳӣ ёбад ва аз соҳибони аслии бозор ҳимоят кунад.
Оқои Абдуллоев мегӯяд: “Ҳафт бор ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар мавриди баҳси бозор муроҷиъа кардем, вале посух надоданд ва аз ин рӯ ин бор хостем, ки расонаҳои хабариро дар ҷараёни аслии воқеъ бигузорем, ки аз тариқи расонаҳояшон қазияи моро ба гӯши президент бирасонанд. Ба назди бародарони Муҳибулло Саъдуллоев низ рафта ба онҳо асли воқеъаро гуфтам, аммо онҳо низ ба мушкили мо расидагӣ накарданд.”
Сановбар Абдуллоева, хонуми оқои Абдуллоев, ки яке аз саҳомдори бозори “Ином” аст, мегӯяд онҳо намехостаанд, ки қазияи баҳси онҳо бо оқоён Саъдуллоев ва Достиевро расонаӣ шавад, аммо соҳибони феълии бозор аз сӯйи ин афрод мавриди таҳдид қарор гирифтаанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки дар мавриди ин қазия сухан гӯянд.
Хонум Абдуллоева мегӯяд, ки дар ҳалли ин мушкил охирин умедашон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ будааст: “Намехостем, ки аз як хешованди президенти кишвар шикоят кунем, вале дигар илоҷ набуд. Касе ба ҳарфи мо гӯш надод, барои сохтмони бозор, ки як ҷои вайрона буд, хонаамро фурӯхтам. Сокинонро ба ин бозор даъват кардем, то ба соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул шаванд, аммо ҳоло мехоҳанд, ки бозорро аз дасти мо бигиранд.”
Бештари фурӯшандагони бозори “Ином” бо бим аз амнияташон аз сӯҳбати ошкор бо хабарнигорон худдорӣ мекарданд. Зеро онҳо намехостанд, ки бо ифшо шудани ному насабашон, онҳо ва хешовандонашон низ таҳти таҳдиду зуроварӣ қарор гиранд.
Аммо Илҳомҷон, як фурӯшандаи бозори “Ином”, ки мегӯяд, ки зери як баёнияи моликони бозор барои ҳимоят аз амволи онҳо имзо гузоштааст.
Вай афзуд: “Ман мехоҳам ин бозор дар ихтиёри моликони феълияш боқӣ монад. Кор кардан бо раиси ҳозираи бозор ба ман писанд аст, агар раиси нав шавад мумкин аст, ки иҷорапулӣ аз мо тоҷиронро афзоиш диҳад. Мо солҳои тӯлонӣ бо ин раиси феълӣ кор кардаем ва мехоҳем, ки корро идома диҳем.”
Мӯъмин Нормӯъминов, як фурӯшандаи дигари бозор мегӯяд, ки баъди баҳси моликони феълии бозор ва Саъдуллоев шароити тиҷорат дар бозори “Ином” хеле бад шудааст.
Ӯ мегӯяд: “Фурӯшандагони бозор дар ин чандин моҳ дар фикр ҳастем, ки бозор ба дасти кӣ мерасида бошад? Посбонҳои ин бозор мегӯяд, ки борҳоятонро аз инҷо гиред, ки мо дигар замонат барои нигоҳ доштани онҳоро ба шумо намедиҳем.”
Холназар Достиев, шарики Муҳибулло Саъдуллоев дар сӯҳбати телефуни ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон иддаъои онҳоро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи оқои Достиев онҳо талаби дарёфти танҳо 50 дарсад саҳмияҳо худро аз бозори “Ином” будаанд.
Оқои Достиев мегӯяд, ки бештари фурӯшандагони бозори “Ином” саҳомдорони бозор ҳастанд ва онҳо дар чаҳорчӯби қонуни кишвар талаб доранд, ки саҳми дар бунёди бозор гузшотаи хешро пас бигиранд.
Ҳамчунин, оқои Достиев гуфт, ки иддае аз тоҷирон ва соҳибкорони бозори “Ином” аз мавқеъи вай ва оқои Саъдуллоев ҳимоят мекунанд.
Оқои Достиев, ки Қосим Қосимовро ба унвони намояндаи онҳо дар додгоҳ муъаррифӣ кард гуфт, ки хабарнигорон набояд ин мавзӯъро якҷониба пӯшиш диҳанд.
Оқои Қосимов гуфт, ки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯсӣ президент, дар баҳси бозори “Имон” ҳамроҳ нест, аммо дар гузашта сарпарасти саҳомдорони бозор, яъне Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев барои сохтмони ин бозор будааст.
Инчунин вай гуфт, ки 25 дар сади саҳмияҳо аз соҳибкорони бозор ва 20 дар сади дигар аз хонаводаи Абдуллоевҳо аст. Аммо 50 дарсади ин саҳмияҳо ба оқои Достиев таъаллуқ доштааст.
Ин дар ҳолест, ки дар баёнияи Сановбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев гуфта шудааст, ки 60 дарсади саҳмияҳо аз ин бозор аз вай будааст.
Бурҳон Абдуллоев, як саҳмдори бозори “Ином” гуфт, ки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси Президент Раҳмон, ки ба онҳо дӯсти доштааст аз онҳо як бинои дутабақаеро ҳамчун ҳадя гирифтааст, аммо ӯ афзуд, ки дар бунёди бозор ӯ сармоя нагузошта, балки ба унвони машваратчӣ ширкат доштааст.
Ба гуфтаи хонаводаи Абдуллоевҳо, то расидани ин баҳс ба додгоҳ, онҳо борҳо аз ҷониби даъвогарон мавриди фишор ва таҳдид қарор гирифтаанд.
Оқои Абдуллоев мегӯяд, ки хонаводаи ӯ дар ноҳияи Шаҳритус низ заминҳои зиёдеро дар ихтиёраш гирифта ба кишти сабзаҷот машғул будааст, аммо вай афзуд, ки ҷонибдорони оқоён Достиев са Саъдуллоев лӯълаҳои обгузар (латокҳо) ба ин мазореъ барчидаанд, вале онҳо то ҳол ба ҷое дар ин маврид шикоят набурдаанд.
Аз сӯҳбати аъзои хонаводаи Абдуллоев бар меоянд, ки онҳо дар гузашта ба хонаводаи Саъдуллоев дӯстии наздик доштаанд ва ҳатто ҳамроҳ, чун зоҳирон ба Ҳаҷ рафтаанд. Қосим Қосимов, намояндаи оқои Достиев низ дӯстии миёни онҳоро таъйид кард.
Ин дар ҳолест, ки қарор аст, рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳс бар сари саҳмияи бозори “Ином”-ро баррасӣ кунад.
Аз сӯйи дигар дар соли ҷорӣ додгоҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон чандин ширкатҳои хусусӣ ва бозори хусусии мавсум ба “Саховат” дар Турсунзодаро аз соҳибони онҳо ба суди давлат мусодира кардаанд.
