Маҳрумият аз ҳуқуқи бознишастагӣ бидуни мадраки собиқаи корӣ

  • 10 Апрел, 2014
Занони кишоварз Image copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони арсаи кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки 80 дар сади заноне, ки дар ин арса кор мекунанд, дафтарчаи корӣ надоранд

Масъулони Идораи кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки 80 дар сад аз заноне, ки дар арсаи кишоварзӣ дар ин вилоят кор мекунанд, дафтарча ё китоби рекурди иштиғол надоранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, занон бо мушкилоти зиёде дар заминаи дарёфти мадорики мухталиф барои бархурдор шудан аз имтиёзоти иҷтимоъӣ ва собит кардани собиқаи корияшон рӯбарӯ ҳастанд.

Вилояти Хатлон яке аз вилоёти пурҷамъияти Тоҷикистон буда ва масъулони идораи кишоварзӣ аз он нигарон ҳастанд, ки бештари заноне, ки дар мазореъ кор кардаанд, баъд аз бознишастгӣ дар заминаи дарёфти маъоши бознишастагӣ низ бо душвориҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки феълан бисёре аз занони кишоварз ба далели надоштани дафтарчаи корӣ, ки битавонад собиқаи кори онҳоро собит кунад, аз гирифтани ҳуқуқи бознишастагӣ маҳрум мондаанд.

Бар асоси иттилоъи маноӣеъи расмӣ дар ин вилоят, бештари занон ба далели талаб накардани дафтарчаҳои корӣ аз роҳбарони ширкатҳои кишоварзӣ ин мадорикро дар ихтиёр надоштаанд.

Аммо то ҳол дар додгоҳҳои ин вилоят қазияе дар ин замина баррасӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар ин вилоят бо кишоварзон кор мекунанд, гуфтаанд, ки занони кишоварз ба хотири надонистани ҳуқуқашон аз роҳбарони ширкатҳои кишоварзӣ талаби дафтарчаи корӣ намекардаанд.

Давлатмоҳ, як сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ки 20 сол дар мазореъи панба кор кардааст, аммо мадраке, ки собиқаи кори ӯро собит кунад, надорад.

Вай гуф замоне ки ӯ бознишаста шуд, дарк кард, ки бо чи мушкилоте рӯбарӯ шудааст, аммо ҳоло намедонад, ки чи тавр дафтарчаи корӣ ё китоби рекурди иштиғолашро дубора барқарор кунад.

Наргис Иброҳимова, як масъули созмони мавсум ба “Парвози парасту” дар шаҳри Қурғонтеппа гуфт, ки дар давраҳои бозомӯзӣ бо кишоварзон қонунҳои марбут ба ислоҳоти ин арсаро меомӯзонад.

Вай меафзояд, ки дар ин давраҳо ба кишоварзон аз боз кардани дафтарҳои корӣ ва сабти ҳамасолаи фаъъолияти онҳо дар ин мадорик таъкид мешавад.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз кишоварзон ба ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъъолияти худ дар ширкатҳои кишоварзӣ аҳаммият қоил набуда ва дарк намекунанд, ки дафтарча ё китоби рекурди иштиғол дар оянда барояшон лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон корҳои кишоварзӣ оғоз ёфтааст ва занону духтарони рустоӣ барои ба даст овардани даромад барои таъмини рӯзгорашон ба мазореъ, аз ҷумла заминҳои панба, мераванд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ин вилоят беш аз 40 ҳазор ширкати кишоварзӣ фаъъолият дорад ва беш аз 90 дар сади кормандони ин ширкатҳо занону духтарони рустоӣ ҳастанд.

Матолиби муртабит