Бонувони пулиси тоҷик шеваҳои мубориза бо хушунат дар хонаро омӯхтанд
Даҳ зан аз ҷумлаи маъмурони пулиси шаҳри Душанбе дар як давраи омӯзишӣ, ки шаш ҳафта, аз 21 октябр то 29 ноябр дар Фарҳангистони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат карданд.
Дар ин давраи омӯзишӣ бонувони пулиси тоҷик бо шеваҳои мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ, ҷилавгирӣ аз худкушӣ дар байни занҳо, хушунат миёни ҷавонон ва қочоқи инсон ошно шуда ва дар ин замина таҷоруби кишварҳои урупоиро омӯхтаанд.
Ин барнома аз сӯйи Сафорати Омрико дар Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баргузор шудааст.
Мубтакирони ин барнома мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории он боло бурдани сатҳи огоҳӣ ва маҳоратҳои амалиётӣ ва таҳқиқиву тавонмандиҳои ҳирфаии бонувони пулиси тоҷик аст.
Аз соли 1992 ба ин сӯ давлати Омрико беш аз як милёрд дулор кумакҳои билоъиваз ба нерӯҳои интизомию амниятӣ, арсаҳои тандурустӣ, маъориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ироа додааст.
