Боздошти се корманди пулиси шаҳри Душанбе ба занни қаллобӣ
Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти се корманди пулиси шаҳри Душанбе ба занни қаллобӣ хабар додаанд.
Торнамои ин ниҳод нивишта, ки ин афрод дар пайи шикояти як сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Кормандони ожонс мегӯянд, ки Маҳмадулло Ҳикматов, Нозим Рӯзиев ва Сафархӯҷа Халилов тибқи моддаи 247-и қонуни ҷазои Тоҷикистон ба қаллобӣ ё кулоҳбардорӣ муттаҳам шудаанд.
Таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки ин кормандони пулис рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ Муродалӣ Сафаровро бидуни ҳеҷ гуноҳе боздошт карда ва аз ҷайби ӯ 110 сомонӣ ва 9 ҳазор рубли русиро гирифтаанд.
Афзун бар ин, кормандони пулис оқои Сафаровро ба дуздӣ муттаҳам карда ва барои раҳоӣ аз ин ҷурм аз ӯ 500 дулор ришва талаб кардаанд. Ин кормандони пулис ҳангоме, ки дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз оқои Сафаров 400 дулорро мегирифтанд, боздошт шудаанд.
Ҳарчанд коршиносон аз фасоди густарда дар миёни кормандони интизомӣ дар Тоҷикистон ибрози назар мекунанд, вале мавориди боздошти кормандони пулис ва ниҳодҳои дигари интизомӣ дар ин кишвар банудрат иттифоқ меуфтад.
