Ҳамла ба нуқтаи мубодилаи асъор
Бар асари ҳамлаи фарди мусаллаҳ бо корд ба нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ду фурӯшанда захмӣ шуда ва беш аз 7 ҳазор дулор ғорат шудааст.
Бино ба иттилоъи торнамои “mvd.tj”, ин ҳодиса шаби шанбеи 15 ноябр соъати 21-у 10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар нуқтаи мубодилаи асъор дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе рух додааст.
Ин манбаъ навиштааст, муҳоҷим ба тани кормандони коргоҳ Саймӯъмин Балаев 3 маротиба ва ба тани Алишер Ҳаитов 1 маротиба теғ задааст.
Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯйӣ кормандони пулиси ноҳияи Сино Шӯҳрат Игамбердиеви 37-сола, сокини ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ин ҳамла боздошт карда ва аз назди ӯ корд ва 7400 дулорро мусодира кардаанд.
Дар мавриди ин қазия парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва корҳои бозрасӣ идома доштааст.
