Ду воқеъаи қатл ва кушта шудани се сокин дар се рӯзи ахир
Image copyrightReutersПулис аз рух додани ду воқеъи қатл дар се рӯзи ахир дар Тоҷикистон ва кушта шудани се сокин бар асари он хабар додааст.
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки барои содир кардани як воқеъи қатл ду сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро боздошт кардаанд.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 24 ноябр пахш шудааст, ин ду сокини ноҳия ин ҷурмро аз қабл тарҳрезӣ кардаанд.
Тавре, ки пулис мегӯяд, Ҷамил Ҷамилови 53-сола ва Мирсаид Саидови 30-сола, рӯзи 23 ноябр бо роҳ фиреб Акмал Нарзиеви 27-соларо ба манзили маскунӣ даъват кардаанд.
Сипас Мирсаид Саидов бо ҷоқу ба мантақаи мухталифи бадани Акмал зарба зада ва ӯро ба қатл расонидааст. Дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти он идома доштааст.
Дар ҳамин ҳол дар таҳаввулоти дигаре, пулис аз кушта шудани ду донишҷӯй дар вилояти Хатлони Тоҷикистон иттилоъ пахш кардааст.
Кормандони пулис дар шаҳри Кӯлоб, Амирхон Ҳотамов, донишҷӯй ва сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлонро ба занни қатли ду ҷавон боздошт кардаанд.
Оқои Ҳотамов баъд аз даъво, ки дар сари дастурхон сар задааст, бо ҷоқу ба Саидаҳмади Наврӯзшоҳи 19-сола ва Маҳмадалии Ҳакимҷон зарба зада ва онҳоро шадидан захмӣ мекунанд.
Дар натиҷа Саидаҳмади Наврӯзшоҳи дар ҷои ҳодиса ва Маҳмадалӣ дар бемористон ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.
Аз сӯйи дигар кормандони интизомӣ Шариф Раҷабов, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро барои захмӣ кардани писараш боздошт кардаанд. Оқои Раҷабов дар ҳолати мастӣ бо ҷоқу ба Исмоил Раҷабов, писари 24-солаи худ дармеафтад ва ӯро шадидан захмӣ мекунад. Пулис дар робита ба ин воқеъаҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Коршиносони масоили иҷтимоъи мегӯянд, ки дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатл ва сирқат афзоиш ёфтааст.
