Боздошти як сокини Суғд ба иттиҳоми қатли падараш
Пулис аз боздошти як сокини 31-солаи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ба занни қатли падараш хабар додааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11 ноябр зимни пахши ин иттилоъ навишт, ки ин воқеъа ба дунболи даъвое миёни падар ва писар дар як хонавода рух додааст.
Табур Ғафуров, сокини ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд, бо истифода аз чӯбдасте ба сари Исомиддин Ғафуров, падари 55-солаи худ зада ва дар натиҷа ин мард ҷони худро аз даст додааст.
Дар хабари пулис омадааст, ки оқои Ғафуров дар гузашта тибқи моддаи 244-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ҷурми сирқат ё дуздӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.
Гуфта мешавад, ки оқои Ғафуров аз ҷумлаи зиндониёнест, ки ахиран бар асоси қонуни ҷадиди афви Тоҷикистон аз маҳбасхона озод шудааст.
