Боздошти ду низомии рус ба занни қатли як ронандаи токсӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceВазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду низомии Русия ба занни қатли як ронандаи токсӣ дар ҷануби шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар торнамои ин ниҳод омадааст, ки ин ду низомии рус дар пайи амалиёти вижаи пулис баъд аз кашфи ҷасади ин ронанда дар яке аз маҳаллоти ҷануби пойтахти Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Пулис мегӯяд, ки ҷасади Раҳимҷон Тешаев, ронандаи худраве аз навъи “Опел-Астра”-ро рӯзи 19 август бо нишонаҳои марги иҷборӣ дар рустои Чимтеппа, воқеъ дар наздикии яке аз таъсисоти пойгоҳи низомии Русия маъруф ба "Военгородок" дар ҷануби шаҳри Душанбе, пайдо кардаанд.
Кормандони интизомӣ ҳувияти ин ду низомиро низ муъайян карда ва мегӯянд, ки яке аз онҳо ба номи Илдар Сахапов фармондеҳи собиқи ягони низомии шумораи 31691-и пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст.
Номи муттаҳами дигари ин ҷурм Фёдор Басимов буда ва ӯ низ муъовини фармондеҳи гурӯҳи ин ягони низомӣ будааст. Амалиёти вижаи пулис рӯзи 26 августи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.
Пулис мегӯяд, ки ин ду низомии рус ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар робита бо ин ҳодиса идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи пайвандони Раҳимҷон Тешаев, вай муддати тӯлонӣ дар маҳалле дар наздикии таъсисоти пойгоҳи низомии Русия дар ҷануби шаҳри Душанбе машғули ронандагӣ буд ва маъмулан мусофирони аслии ӯро афсарон ва сарбозони рус ташкил медоданд.
Ба гуфтаи яке аз бародарони оқои Тешаев, яке аз афсарони рус барои истифода аз хадамоти токсӣ ба ӯ беш аз 1500 дулор бидеҳкор буда, ҳарчанд таъйиди ин иддиъо ба таври мустақил душвор аст.
Ин бародари Раҳимҷон Тешаев афзуд, ки ҷасади ӯро дар нимашаби 19 август пайдо кардаанд ва ӯ ба таври фаҷеъе ба қатл расида буд. Ӯ мегӯяд, ки аз ҷумла чаҳор ангушти бародараш шикаста ва бо чоқу гардани ӯ бурида шуда буд.
Масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекунанд. Аммо гуфта мешавад, ин нахустин бор нест, ки низомиёни пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатл муттаҳам мешаванд.
Дар пойизи соли 2009 низ Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду тан аз низомиёни пойгоҳи Русия дар ин кишвар ба иттиҳоми қатли як ронандаи токсӣ иттилоъ дода буд.
Ин афрод гурӯҳбонҳо (сержантҳо) Дмитрий Кучма ва Вячеслав Чернов, ҳарду шаҳрвандони Русия буданд, ки дар қатл ва ғорати як ронандаи токсӣ мазнун дониста шуда буданд. Аммо то кунун гузорише дар бораи муҳокима ва маҳкумияти ин ду низомии рус дар Тоҷикистон мунташир нашудааст.
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар аз низомиёни пойгоҳи низомии Русия ба сар мебаранд. Таъсисоти ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа воқеъ аст.
Бо вуҷуди интиқодоти густарда дар бораи фаъъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойизи соли 2012 барои тамдиди ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон барои наздик ба 30 соли дигар тавофуқ карданд.
Ҳарчанд манобеъи огоҳ мегуфтанд, ки мақомоти тоҷик бо шароити ин тавофуқнома мувофиқ нестанд ва мумкин аст он ба тасвиби маҷлис нарасад, вале порлумони Тоҷикистон ин санадро як сол баъд, дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар пойизи соли 2013 тасвиб кард.
Бар асоси ин тавофуқ, низомиёни рус аз масунияти вижае бархурдоранд ва дар сурати иртикоби ҷароиме муҳокима ва муҷозоти онон бар асоси қавонини Русия сурат мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҳлилгарон мегӯянд, ки муҷозоти дархури ин афрод баъид ба назар мерасад.
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар заминаи лашкари пиёданизоми 201-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар қаламрави ин ҷумҳурии шӯравӣ мустақар буд, таъсис шудааст. Ин лашкар пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва бо имзои мувофиқатномае аз сӯи Раҳмон Набиев, раисҷумҳури вақт, ба тасарруфи Русия даромад.
Русия кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро, ҳавзаи таҳти нуфузи худ медонад ва ҳамвора талош кардааст ҳузури низомияшро дар ин минтақа ҳифз кунад.
