Боздошти чаҳор сокини Рӯдакӣ ба занни сирқат ва қатл

  • 1 Август, 2014
ДастбандҳоImage copyrightReuters
Image caption Пулис аз боздошти чаҳор сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба занни қатл хабар медиҳад

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти чаҳор сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе ба занни қатли посбони ширкати мавсум ба “Азия Тобако Трейдинг” хабар додаанд.

Дар торнамои ин ниҳод омадааст, ки ин афрод дар пайи як амалиёти сареҳи кормандони пулис боздошт шудаанд. Ин чаҳор сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин дар қасди сирқати амволи ин ширкат низ муттаҳам шудаанд.

Амалиёти вижаи пулис дар пайи пайдо шудани ҷасади Раҳим Исмоъилови 55-сола, ки дар ширкати “Азия Тобако Трейдинг” ба унвони посбон кор мекардааст, сурат гирифтааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои ифшои сареҳи ин ҷурм гурӯҳи вижаеро таъсис медиҳад, ки дар натиҷа баъд аз гузашти чанд соъот афроди муттаҳам дар ин ҷурм боздошт шудаанд.

Таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин воқеъа идома доштааст ва тавре ки пулис мушаххас кардааст, Фаррух Норов, Давлат Буриеви 27-сола, Субҳон Бобоҷонови 23-сола, Бахтовар Нурови 19-сола ва Суҳроб Боеви 29- сола аз қабл амали сирқати амволи ин ширкатро тарҳрезӣ карданд.

Сипас ин афрод барои пиёда кардани ин амали худ ба бинои ширкат, воқеъ дар хиёбони Мухторови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид шуда ва посбони ин ширкатро бо истифода аз чӯбдаста мавриди луту кӯб қарор медиҳанд, ки дар натиҷа Раҳим Исмоъилов ҷони худро аз даст медиҳад.

Ҳамакнун пулис таҳқиқоти парвандаи ин чаҳор нафарро бар асоси ду модди қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сирқат ва қатл таҳқиқ мекунад. Қонун барои содир кардани ин ҷароим аз аз 15 то 20 сол зиндон бо мусодираи амвол таъйин мекунад.

Дар хабари дигаре, пулис аз боздошти як марди 40-солаи ноҳияи ваҳдат дар таҷовуз ба номуси як зани 42-сола хабар додааст. Пулис ин мардро низ боздошт карда ва таҳқиқоти парванди дар робита ба ин воқеъаро идома медиҳад.

Матолиби муртабит