Боздошти чаҳор сокини Панҷакент ба занни одамрубоӣ

  • 16 Июл, 2014
ДастбандImage copyrightReuters
Image caption Пулис мегӯяд, ки чаҳор нафар аз сокинонро дар вилояти Суғд ба занни одамрубоӣ боздошт кардааст

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки чаҳор нафар аз сокинони вилояти Суғд, дар шимоли ин кишварро, ба занни одамрубоӣ боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин вазорат, ин сокинон дар изои озод кардани Сайёд Боқиеви 26-сола аз пайвандонашон пардохти панҷ ҳазор дулор ба онҳоро тақозо кардаанд.

Дар ин хабар, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 июл пахш шуд, пулис ҳувияти ин афродро низ мушаххас кардааст.

Ҷӯрабек Азимов, Исмат Азимов, Шараф ва Бахтиёр Қулиев, сокинони ноҳияи Панҷакент, муттаҳам шудаанд, ки оқои Боқиевро рабудаанд, чун ӯ бо хоҳари яке аз онҳо равобити ошиқона доштааст.

Пулис дар робита бо ин ҳодиса бар асоси моддаи 130-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми одамрубоӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба таҳқиқи он идома медиҳад.

Тибқи натоиҷи таҳқиқи муқаддамотӣ, ин чаҳор нафар мазнун астанд, ки рӯзи 13 июл Сайёд Боқиев, як сокини ноҳияи Айниро, ба коргоҳи мутаъаллиқ ба Бахтиёр Қулиев бурда ва дар он ҷо нигаҳ доштаанд.

Сипас онҳо аз пайвандони оқои Боқиев тақозои овардани панҷ ҳазор дулорро карда ва рӯзи 15 июл замоне ки аз хешовандони вай ду ҳазор дулорро дарёфт кардаанд, боздошт шудаанд.

Пулис мегӯяд, ки далолили шайъӣ аз онҳо гирифта шуда ва дар ҳоли ҳозир ин афрод дар яке аз боздошгоҳҳои вилояти Суғд ба сар мебаранд.

Дар гузашта низ мавориди одамрубоӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Беш аз як моҳ қабл кормандони интизомӣ аз боздошти як сокини 25-сола ба занни одамрубоӣ дар вилояти Суғд хабар дода буданд.

Он замон пулис гуфта буд, ки як сокини шаҳри Конибодом дар шимоли ин кишвар фарзанди ноболиғи яке дигар аз сокинони ин шаҳро рабуда буд.

Қонуни Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷурм аз 8 то 12 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.

Матолиби муртабит