Боздошти як устоди Донишгоҳи пизишкӣ ба занни ришвахорӣ

  • 15 Июл, 2014
Дулори омрикоӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Гулчеҳра Холиқова ба гирифтани 11 ҳазор дулор ришва муттаҳам шудааст

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як устоди Донишгоҳи пизишкии ин кишвар ба занни ришва гирифтан аз як довталаби вуруд ба ин донишгоҳ хабар дод.

Торнамои ин ниҳод рӯзи сешанбеи 15 июл хабар дод, ки Гулчеҳра Холиқова ба гирифтани 11 ҳазор дулор ришва аз як довталаби вуруд ба ин донишгоҳ муттаҳам шудааст.

Кормандони ожонс хонуми Холиқоваро рӯзи 3 июл боздошт кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, далели шайъӣ, яъне маблағи зикршударо аз ӯ дарёфт кардаанд.

Дар робита бо ин қазия бар асоси моддаҳои 32 ва 247-и Қонуни кайфарӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ ва қаллобӣ парванда боз шудааст ва кормандони ин ниҳод ба таҳқиқи ин қазия идома медиҳанд.

Аммо тавре ки дар ин хабар омада, хонуми Холиқова дар пайи шикояти С. Баротов боздошт шудааст. Кормандони ин ниҳод замоне ки оқои Баротов пулро ба ӯ дода, ӯро боздошт кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ ҳукми боздошти Гулчеҳра Холиқоваи 56-соларо содир карда ва ӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Бар асоси натоиҷи тақиқи муқаддамотӣ, хонуми Холиқова муттаҳам шуда, ки мехоста дар изои ин маблағ ба вуруди як ҷавони сокини ноҳияи Зафаробод ба Донишгоҳи пизишкӣ кумак кунад.

Дар соли ҷорӣ ин нахустин бор аст, ки аз боздошти як устоди донишгоҳ ба занни ситондани ришва аз доватлабони вуруд ба донишгоҳҳо гузориш мешавад, аммо дар гузашта иддае аз устодони донишгоҳҳои мухталифи Тҷоикистон бо иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шудаанд.

Дар соли ҷорӣ Маркази миллии имтиҳоноти Тоҷикистон барои пазироии довталабон ба донишгоҳҳо ба фаъъолият шурӯъ кард. Масъулони ин ниҳод ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин марказро ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ ба ҳангоми пазируфта шудани довталабон ба донишгоҳҳо унвон карда буданд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки фаъъолияти ин марказ низ таъсири чандоне дар коҳиши сатҳи фасод дар донишгоҳҳо надоштааст. Аз сӯйи дигар, коршиносон арсаи омӯзишу парвариш дар Тоҷикистонро яке аз фасодзадатарин арсаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Матолиби муртабит