Боздошти як корманди Кумитеи молиёт ба занни ришваситонӣ

  • 18 Феврал, 2014
ДулорImage copyrightGetty
Image caption Як корманди масъули Кумитаи молиёти Тоҷикистон ба иттиҳмои ришваситонӣ боздошт шуд

Як корманди масъули Кумитеи молиёти Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди ин кишвар ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилоъи ин ожонс, Ҳалим Касиров, мутаххасиси пешбари Кумитеи молиёти Тоҷикистон, ба ҳангоми ситондани ришва аз як тоҷир ба миқдори 10 ҳазор дулори омрикоӣ дастгир шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамакнун алайҳи оқои Касиров бар асоси моддаи 319 (қисми 4)-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми “дарёфти ришва барои иҷрои амали муъайян” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ ба боздоштгоҳ мунтақил шудааст.

Зимнан, боздошти Ҳалим Касиров дуюмин ҳодисаи дастгир шудани кормандони масъули Кумитеи молиёти Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ дар моҳи ҷорӣ маҳсуб мешавад.

Дар авоили моҳи ҷорӣ кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Ҷумъахон Холов, корманди Идораи молиёти шаҳри Душанберо, ба ҳангоми гирифтани ришва боздошт карда буданд.

Бино ба иттилоъи манобеъи ин ожонс, оқои Холов фаъъолияти тоҷир Мирзокаримовро тафтиш карда, ба ивази кам арзёбӣ кардани мизони даромад аз ӯ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ришва гирифта ва хостори дарёфти ришваи дигар ба миқдори 5 ҳазор дулор шудааст.

Тоҷир Мирзокаримов ба оқои Холов як ҳазор дулор пардохт карда ва рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ аз ҳодисаи тамаъҷӯйии ин корманди идораи молиёт ба Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Ба ин тартиб, Ҷумъахон Холов дар хиёбони Маяковскийи шаҳри Душанбе ба ҳангоми гирифтани ришва ба миқдори 4 ҳазор дулор аз ҷониби кормандони ин ожонс боздошт шудааст.

Ҳамакнун Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Ҷумъахон Холов, корманди Идораи молиёти шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 319 (қисми 4–)и Қонуни кайфарии кишвар, ба иттиҳоми “гирифтани ришва бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Зимнан, мақомоти ин ожонс рӯзи сешанбеи 4 феврал дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки дар соли гузашта 42 корманди Кумитеи молиёти Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими мухталифи молӣ, аз ҷумла 8 нафар барои дарёфти ришва, боздошт шудаанд.