Шикоёти мардум аз 'тавзеъи беъадолатонаи' замин барои манзил дар Хатлон

  • 4 Апрел, 2014
Манзили навбунёдImage copyrightBBC World Service
Image caption Бисёре аз сокинони камбизоъат солҳои тӯлонӣ дар орзуи бунёди манозили маскунӣ барои хонаводаҳояшон ҳастанд

Мардвалӣ номи мустаъори марде аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки бо чаҳор бародар ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар як манзили маскунӣ зиндагӣ мекунад.

Мардвалӣ ҳамроҳ бо падару модари бузургсол ва бародарзодаҳояш, дар маҷмӯъ 31 нафар, дар як манзили маскунӣ ба сар мебаранд ва гаҳ-гоҳе миёни аъзои хонавода бар сари манзил даъвоҳое сар мезанад, ки мӯҷиби нигаронии падари хонавода шудааст.

Ба гуфтаи вай, ин вазъият дар тарбияти кӯдакон ва сатҳи омӯзишу парвариши онҳо таъсироти манфӣ гузоштааст.

Мардвалӣ мегӯяд: "Ман ба ҳукумати ноҳияи Бохтар ва ҷамоъати Меҳнатобод, ки мо онҷо зиндагӣ мекунем, барои додани қитъаи замине барои сохтмони манзил борҳо номаҳо навиштам, аммо то ҳол номаҳои ман беҷавоб мондаанд."

Ин дар ҳолест, ки хонаводаҳое монанди Мардвалӣ дар вилояти Хатлон бисёранд, ки солҳои зиёд мунтазири қитъаи замине барои бунёди манзил ҳастанд. Бештари ин мардум аз тақсимоти ба гуфтаи онҳо беъадолатонаи замин дар манотиқи мухталифи ин вилоят шикоят мекунанд.

Миралӣ Амиршоев, сокини ноҳияи Вахш, низ борҳо барои фарзандонаш аз ҳукумати маҳаллӣ ва ҷамоъат дархости қитъаи замин барои сохтмони манзили зист кардааст.

Оқои Амиршоев мегӯяд: "Ба сокиноне, ки дар як хона ду ё се хонавода зиндагӣ мекунанд, замин доданд, аммо дар хонаводаи мо панҷ нафар марди зандор аст ва якҷо бо набераҳоям 30 нафар ҳастем, то ҳол таваҷҷуҳ намешавад."

Орзуи бунёди манзил

Бисёре аз сокинони манотиқи мухталифи вилояти Хатлон, бавижа аз хонаводаҳои камбизоъат, солҳои тӯлонӣ дар орзуи бунёди манозили маскунӣ барои аъзои хонаводаҳояшон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, кумитеи заминсозии вилояти Хатлон мегӯяд, ки авохири соли 2013 дар ин вилоят қитаъоти замин барои хонаводаҳои ниёзманд ба манзил тавзеъ шудааст.

Ҳукумати Хатлон мегӯяд, ки дар чорчӯби барномаи давлатии тақсими замин ба аҳолии ниёзманд дар ин вилоят беш аз 800 ҳазор ҳектор замин тақсим шуда ва ҳукумат нақша худро иҷро кардааст.

Ҳамсуҳбати дигари мо сарпарасти манзилест, ки дар он писарон ва ҳамсарону набераҳояш зиндагӣ мекунанд.

Вай мегӯяд, ки дар вақти тақсими замин аз онҳо пул талаб кардаанд: "Бо мо гуфтанд, ки барои дарёфти замин пул биёр, аммо ман сармояи лозимро пайдо карда натавонистам."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Худойназарова гуфт, ки дар мавриди тақсими замин аз сокинон шикояте дарёфт нашудааст

Дар ҳамин ҳол, масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ ва иддае аз таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки мавориди зиёде аз ришваситонӣ аз мардум дар замони тақсимоти замин аз сӯйи масъулони ҳукуматҳо мушоҳида шудааст.

Юсуф Муҳаммадзода, таҳлилгари маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд: "Мушкили манзил дар вилояти Хатлон ҳалли худро наёфтааст. Бибинед, то ҳол хонаводаҳои зиёде дар мавриди замин барои манзил ба ҳукуматҳои маҳаллӣ муроҷеъа мекунанд. Ва мо борҳо шунидаем, ки аз мардум пул талаб кардаанд."

Вале Сафармоҳ Худойназарова, як масъули кумитеи заминсозии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки дар ин вилоят дар вақти тақсимоти замин аз ҳеҷ касе пул гирифта нашудааст.

Хонуми Худойназарова мегӯяд: "Пеш аз тақсимоти замин ва баъди он бо сокинон мулоқот кардем, ки дар ин маврид шикояташонро ба мо бирасонанд, аммо дар мавриди талаби пул ва ё беъадолатӣ дар тақсими замин касе чизе нагуфтаст."

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 90 дар сад аз номаву шикоёт аз мардум ба мавзӯъи қитаъоти замин барои сохтмони манзил марбут будааст.

Тибқи барномаи ҳукумати Тоҷикистон, мебоист дар марҳилаи аввал замин ба омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ дода шавад, аммо бисёре аз омӯзгорони хатлонӣ мегӯянд, ки ҳанӯз ба дархостҳои худ барои тавзеъи замин барои сохтмони манзил посух нагирифтаанд.

Матолиби муртабит