Боздошти як мубаллиғи 69-солаи куреӣ дар Тоҷикистон
Кормандони амниятӣ ба занни тақаллуб ва додани ришва як табаъаи Куреи ҷанубӣ, Ҷон Лӣ Бунро, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъъолиятҳои таблиғотии мазҳабӣ анҷом медод, боздошт кардаанд.
Ин зани 69-сола раҳбари маркази таблиғотии “Сонмин Сунбогим” будааст. Соли 2009 фаъъолиятҳои ин марказ ғайриқонунӣ дониста шуда буд ва хонум Бун барои воридот ва тавзеъи доруҳои куҳна ба муддати як сол ба ҳабси таълиқӣ маҳкум шудабуд.
Тибқи иттилоъи манобеъи амниятӣ, Ҷон Лӣ Бун ба таври ғайриқонунӣ дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, як маркази дармонии хусусӣ таъсис додааст. Дар ин марказ 25 воҳид таҷҳизоти пизишкии куҳна ва беш аз 500 гуна доруҳои куҳна ёфт шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли кори худ ин марказ панҷ амали ҷарроҳии ғайриқонунӣ ва бидуни иҷоза анҷом додааст. Хонум Бун дар ҳоле боздошт шуд, ки ба як корманди Кумитаи амнияти миллӣ 20 ҳазор дулори омрикоӣ ба унвони ришва барои пинҳон кардани ҷароимаш пешниҳод кард.
Ҳамчунин ин зани 69-сола ба напардохтани молиёт аз даромади мадориси хусусӣ ва меҳмонхонааш мазнун аст. Маъмурони амниятӣ ҳангоми бозҷӯӣ аз манзили хонум Бун зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ, ки муъодили 31.5 ҳазор дулори омрикоӣ аст ва як туфангчаи травматикӣ бо 12 тир кашф ва мусодира кардаанд.
