Боздошти марде ба занни таҷовуз ба як зани укройнӣ дар Душанбе

  • 9 Июл, 2014
ДастбандҳоImage copyright
Image caption Пулис мегӯяд, ки як сокини Тоҷикистон ба таҷовуз ба номуси як духтари укройнӣ муттаҳам аст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини ин кишвар ба занни таҷовуз ба номуси як духтари хориҷӣ хабар дод.

Торнамои ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 9 июл нивишт, ки боздошти ин фард пас аз шикоят аз зани укройнӣ дар бораи ин ҳодиса сурат гирифтааст.

Ин марди 38-сола дар гузашта низ ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Ҳувияти ин духтар эълом нашуда, вале марди боздоштшуда муттаҳам ба ин шуда, ки ба зӯр ӯро ба манзили худ бурда ва ба номусаш таҷовуз кардааст. Пулис мегӯяд, ки таҳқиқи ин воқеъа идома дорад.

Дар таҳаввули дигаре, пулис аз боздошти як сокини ноҳияи Нурообод, воқеъ дар 100-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе ба занни ҳамхобагӣ бо як духтари зери синни қонунӣ хабар дод.

Ин марди 21-сола муттаҳам шуда, ки дар тӯли се соли ахир дар манзили худ духтарбачаеро аз шаҳри Роғун нигоҳ дошта ва бо ӯ ҳамхобагӣ кардааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ҳамхобагӣ бо афроди зери синни қонунӣ аз ду то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Як сокини 22-солаи ноҳияи Ваҳдат низ ба иттиҳоми озори ҷинсии як духтари 19-сола боздошт шудааст.

Ахиран пулиси Тоҷикистон эълом карда, ки алайҳи "ҷароими ахлоқӣ" муборизаи шадид мекунад.

Дар тӯли як моҳи ахир шумори қобили мулоҳизае аз мардон ба занни даст доштан дар ҷароиме монанди таҷовуз ба номус дар ин кишвар боздошт шудаанд.

Дар ин давра беш аз 500 зан низ ба занни руспигарӣ боздошт ва баъд аз сабти ном озод шудаанд.

Бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар нивиштаанд, ки алайҳи иддае аз ин занон дар замони боздошт аз сӯйи пулис хушунат ва бадрафторӣ шудааст.

Матолиби муртабит