Захмӣ шудани як ҷавон аз зарби чоқу дар бозори “Корвон”
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷавони шаҳри Душанбе ба занни авбошӣ хабар доданд.
Торнамои ин вазорат рӯзи сешанбеи 8 июл навишт, ки Меҳроҷ Раҳматуллоев ва Одил Олиев, сокинони хиёбони мавсум ба Бинокорони шаҳр, муттаҳам шудаанд, ки Далер Қурбонови 20-соларо бо зарби чоқу захмӣ кардаанд.
Оқои Қурбонов дар яке аз дуконҳои бозори “Корвон”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, шадидан лату кӯб шудааст. Ҳамчунин, вай аз ноҳияи пояш ба зарби чоқу захмӣ шуда ва омилони ҳамла ба ӯ аз ҷои воқеъа фирор карданд.
Кормандони пулис дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқот идома дорад.
Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои афроде, ки муртакиб ҷурми "авбошӣ бо расонидани зарари ҷисмонӣ" шинохта мешаванд, аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ мекунад.
