Боздошти як мард ба занни таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш
Image copyrightRIA NovostiПулис аз боздошти як мард ба занни таҷовуз ба номуси духтари 13-солааш дар ҷануби Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилоъи торномаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин мард, ки 38-cол доштааст, сокини ноҳияи Норак, воқеъ дар 70 килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе будааст.
Тавре, ки дар ин хабар мехонем, кормандони пулис ӯро баъд аз бурдани шикояти модари ин духтар аз ин кирдори ӯ боздошт кардаанд.
Пулис дар робита ба ин ҷиноят парвандаи ҷиноиро тибқи қисми 3 моддаи 138-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне таҷовуз ба номуси ноболиғ ё яке аз пайвандон боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳад.
Таҳқиқоти муқаддамотии ин ҷурм собит кардааст, ки ин мард бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум духтари 13-солаи худро, баъд аз зӯҳри рӯзи 25 июн ба сӯйи кӯҳистони наздик ба ағбаи Чормағзак, воқеъ дар наздикии роҳи Душанбе-Кӯлоб бурда ва ба номусаш таҷовуз кардааст.
Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои содир кардани ин ҷиноят аз 15 то 20 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ин барои бори нахуст нест, ки дар Тоҷикистон падарон барои таҷовуз ба номуси фарзандонашон боздошт мешаванд.
Дар тобистони соли гузашта дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакии, ҳумаи шаҳри Душанбе ду нафар аз падарон барои таҷовуз ба духтаронашон боздошт ва равонаи зиндон шуда буданд.
Яке аз ин падарон, ки пулис ҳуввияти ӯро низ мушаххас карда буд, баъд аз фирори духтараш аз манзил ва бурдани шикоят алайҳи ин кирдори падар ба пулис боздошт шуда буд.
Ҳарчанд ин мард бо истифода аз зӯроварӣ духтари худро дар манзил нигаҳ медоштааст ва ба ӯ таҳдид мекардааст, ки дар сурати бурдани шикоят аз вай ба пулис, духтарро мекуштааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷомеъаи Тоҷикистон суннатӣ маҳсуб шуда ва аксари занону духтарони қурбонии таҷовуз ба далели бим аз доғи нанг аз ин ҳаводис ба кормандони зидахл шикоят намебаранд.
Ахиран кормандони вазорати умури дохила аз чандин мавориди даст задани сокинон ба таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон иттилоъ пахш кардааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоишро нишон медиҳад.
