Марде 47-сола ба занни таҷовуз ба духтаре ноболиғ боздошт шуд

  • 13 Июн, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таҷовуз шудани як духтари 13-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ки рӯзи ҷумаъи 13 июн пахш шуд, кормандони пулис марде 47-соларо ба занни таҷовузи ин духтарбача боздошт кардаанд. Ин мард, ки дар пайи шикояти модари духтар боздошт шуда, муттаҳам шуда, ки ба манзили маскунии духтар ворид шуда ва ӯро таҷовуз кардааст.

Пулис мегӯяд, ки дар робита бо ин воқеъа бар асоси моддаи 138-и қонуни кайфарӣ ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси фарде ноболиғ алайҳи ин мард парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи он ҷараён дорад.

Ин моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷурм аз 15 то 20 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ахиран коршиносони умури иҷтимоъӣ аз афзоиши ҷурми таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Чанде қабл пулис аз боздошти як сокини 42-солаи шаҳри Душанбе ба занни озори ҷинсии кӯдаке ҳаштсола иттилоъ дода буд.