Боздошти як сокини Шаҳринав ба занни таҷовуз ба номуси як зан
Вазорати кишвари Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳринав, дар ғарби пойтахти ин кишвар, ба занни таҷовуз ба номуси як зани 22-сола хабар дод.
Ин марди мутаваллиди соли 1994, ки ҳувияташ ифшо нашуда, ҳамчунин муттаҳам шуда, ки ин зани сокини ноҳияи Турсунзодаро ба таври ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба нивиштаи торнамои расмии вазорати кишвар, як сокини ноҳияи Турсунзода ба идораи пулиси ин ноҳия шикоят бурда ва нивиштааст, ки ин воқеъа шаби аввал ба дувуми июн иттифоқ уфтодааст.
Ин зан арз карда, ки ду нафар ба номҳои Ислом ва Рамазон ӯро бо истифода аз зӯр ба ноҳияи Шаҳринав бурда ва муддати панҷ шабонарӯз дар хонаи худ нигоҳ дошта ва "маҷбуран нигоҳ дошта, ба номусаш таҷовуз кардаанд."
Зимни анҷоми амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони пулис як сокини ноҳияи Шаҳринавро ба гумони таҷовуз ба номуси ин зан дастгир кардаандд. Дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.
