Боздошти як зани ҷавон ба занни кӯдакфурӯшӣ дар Тоҷикистон

  • 2 Июл, 2014

Пулиси Тоҷикистон мегӯяд як зани сокини шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 60-килуметрии ғарби шаҳри Душанберо, боздошт кардааст.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони пулис ин зани 26-соларо дар фурӯши кӯдаке навзод мазнун медонанд.

Тибқи ин хабар, ки рӯзи чаҳоршанбеи 2 июл пахш шуд, ин зан муттаҳам шуда, ки духтарчаи навзоди худро ба малағи беш аз 200 дулори омрикоӣ ба зани дигаре фурӯхтааст.

Пулис номи ин занро Ҳодисамоҳ Обидова муъаррифӣ карда ва мегӯяд, ки ӯ дар гузашта бар асоси моддаи 244-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ҷурми сирқат зиндонӣ шуда буд. Ҳоло кормандони пулис алайҳи ӯ тибқи моддаи167-и ин қонун ба итиҳоми фурӯши кӯдак парванда боз кардаанд.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ хонум Обидова муттаҳам ба ин шуда, ки дар соли 2012 дар зоишгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе духтарбачае таваллуд карда ва ӯро ба зани дигаре фурӯхтааст. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ин амал аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.