Боздошти як сокин ба занни "даллагӣ" дар шимоли Тоҷикистон

  • 7 Июл, 2014

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як мардро ба занни “даллагӣ” дар вилояти Суғд дар шимоли ин кишвар боздошт кардаанд.

Торнамои ин ниҳод менависад, ки ин сокини 63-солаи шаҳри Чкаловск, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят манзили маскунии худро ба фоҳишахона табдил додааст.

Пулис ҳуввиятиин шахси боздоштшударо ифшо накардааст, вале мегӯяд, ки ӯ дар изои истифода аз манзилаш барои “ҳамхобагӣ” аз сокинон 240 сомонӣ, ки муъодил ба ҳудуди 50 дулори омрикоӣ будааст, пул мегирифтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 239 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахонаҳо боз шуда ва таҳқиқоти он идома доштааст. Ин моддаи қонун барои даст задан ба чунин ҷурм ҷаримаи хангуфт ва ё то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қаблан кормандони интизомӣ дар Тоҷикистон аз таҳкили фоҳишахонаҳо дар манозили маскунӣ дар шаҳри Душанбе ва дар тафрегоҳҳои мухталиф дар ноҳияи Ҳисор ва Ваҳдат иттилоъ пахш карда буданд.