Қатли як сокин дар тафреҳгоҳи Ромит
Пулиси ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қатли як сокин дар тафреҳгоҳи мавсум ба “Симин” дар минтақаи Ромитро боз кардааст.
Тибқи хабари торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин сокин дар пайи як даъво миёни чанд нафар аз афроде, ки дар ин макон машғули тафреҳ будаанд, кушта шудааст.
Дар ин иттилоъ, ки рӯзи душанбеи 30 июн пахш шудааст, омадааст, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 28 июн миёни чаҳор нафар аз сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар тафреҳгоҳи “Симин” машғули истироҳат буданд, даъво сар задааст.
Рустам Ёров, яке аз ин афрод дар ҷараёни муноқиша бо корд ё ҷоқу ба қисмати шиками Шералӣ Қосимов, ки низ сари як хон нишаста будааст, зарба мезанад ва дар натиҷаи Шералӣ шадидан ҷароҳат мебардорад.
Пулис мегӯяд, ки Шералӣ Қосимов дар бемористони марказии ноҳияи Ваҳдат ҷони худро аз даст додааст. Пулис машғули таҳқиқи ангезаи даъвои миёни ин афрод будааст.
